Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикор

Гулӯяшро наҷафидӣ: Путин бо Ҳабиб мулоқот карду ба размаш баҳо дод

3993
(Таҷдидшуда 20:11 12.09.2019)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия разми Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори доғистониро бо рақиби амрикоияш Дастин Пуаре зебо ва мунсифона хонд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори ҳунарҳои размии омехта дар фурудгоҳи шаҳри Махачкала мулоқот кард.

Нурмуҳаммадов ба фурудгоҳ омад, то Путинро, ки бо сафари корӣ дар Доғистон қарор дошт, гусел кунад.

Раисиҷумҳури Русия ҳангоми мулоқот, Ҳабибро бо пирӯзияш бар Дастин Пуаре шодбош гуфт.

"Ман туро табрик мегӯям, хеле зӯрозмоии хуб, зебо ва мунсифона буд", - изҳор дошт Путин ҳангоми мулоқот ва дар бораи шеваи қувваозмоии Нурмуҳаммадов низ назарашро гуфт.

"Тамошо кардам, усули хуби буғикунандаро дидам. Ин шеваи классикӣ аст ва ба гулӯяш низ фишор наовардӣ", - илова намуд Путин.

Сабқати Нурмуҳаммадов бо Пуаре шаби 7 сентябр дар Абу-Дабӣ сурат гирифта, бо пирӯзии варзишкори доғистонӣ анҷом ёфт.

3993
Барчаспҳо:
пирӯз, зӯрозмоӣ, размикор, Доғистон, Русия
Кулябский Равшан выиграл золото первенства первой лиги Таджикистана

"Равшан" пеш аз мӯҳлат дар Лигаи футболи Тоҷикистон пирӯз шуд

7
(Таҷдидшуда 11:45 22.10.2020)
Дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шоми  дирӯз дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Кӯлоб  бозии даври 21-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон байни  дастаҳои   футболи   "Равшан"-и шаҳри  Кӯлоб ва "Ҳулбук"-и ноҳияи  Восеъ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи  дастаи  футболи   "Равшан" хотима ёфт. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" гузориш медиҳад.

Дастаи футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ дастаи  "Ҳулбук"-и ноҳияи  Восеъро  мағлуб кард ва  як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардид.

Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб дар мавсими соли 2021 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буданд. Голҳои Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Умед Бадалов ва Сафаралӣ Каримов ба дастаи  "Равшан" пирӯзӣ оварданд. Дастаи футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб   дар 21 бозӣ 51 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор дорад.

Баъди 26 сол: “Равшан”-и Кӯлоб Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд

Дастаи  футболи "Эсхата"-и шаҳри  Хуҷанд, ки 46 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи  футболи  "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд  низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ гардидааст.

Дастаи футболи  "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 38 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро ишғол мекунад. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқа маълум хоҳад шуд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои футболи  "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ва "Равшан"-и  ноҳияи  Зафаробод байни  ҳам талош доранд.

Баъди 17 сол: “Равшан” ва “Хатлон” дар финали Ҷоми Тоҷикистон

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 25  октябр баргузор мешаванд.

 

7
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

244
(Таҷдидшуда 15:50 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва ҳоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

244
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон