Бой Хабиб Пуарье

Сипосгузории Дастин Пуаре аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои дарс - акс

540
(Таҷдидшуда 15:26 13.09.2019)
Варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре мегӯяд, пас аз мағлубият рӯҳафтода нест ва танҳо ба пеш қадам мезанад

ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Размикори муҳорибаҳои омехта (ММА) Дастин Пуаре ҳамтои русиягиаш Ҳабиб Нурмуҳаммадовро барои муҳориба ва дарс, сипосгузорӣ кард.

Варзишкори амрикоӣ дар саҳифааш дар Instagram навиштааст, ки ҳамааш "сабаб" дорад.

"Ин сайёҳати ман аст ва он беназир аст. Сипос Ҳабиб барои боз як дарси мушкил",  - навиштааст Дастин. Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки пушаймон нест ва танҳо ба пеш қадам мезанад.

Нурмуҳаммадов дар навбати худ гуфт, ки Пуаре бисёр рақиби пурқувват буд ва аз варзишкори ирландӣ Макгрегор низ мустаҳкамтар аст.

Нурмуҳаммадов сирри пирӯзӣ бар Пуареро ифшо кард - видео

Бояд гуфт, ки Дастин соли 2014 дар рақобат бо Макгрегор дар бахши аввали рақобат, мағлуб шуд. Дар умум варзишкори 30-солаи амрикоӣ дар фаъолияти варзишиаш 25 маротиба пирӯз шуда, шаш бор мағлуб шудааст.

Президенти UFC рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро эълон кард

Конор Макгрегор бошад, ҳамагӣ 21 маротиба дар майдони ҳарб дастболо шудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 8 сентбяр дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дастболо шуд.

Фергюсон ташнаи "хун"- и Нурмуҳаммадов: Тони замони рақобатро гуфт

540
Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, варзиш, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Боковой судья, архивное фото

Ҷазои тими “Саройкамар” аз суи ФФТ: ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кард

74
(Таҷдидшуда 12:23 15.07.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи Футболи Тоҷикистон тими “Саройкамар”-ро барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар вохурии пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон ҷазо додааст

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар масъулони тими “Саройкамар”  дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест ки дар ҳар бозӣ барои ивази се бозигар танҳо иҷозат дода шудааст.

Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар”   хотима ёфта буд.

Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар”  ба таври техникӣ маълуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.

Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор  ҷазои сахтро татбиқ кунанд.

74
Команда Истиклол

Марҳилаи аввали лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

69
Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии клуби "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ бо тими "Хатлон" бозиро мусовӣ 1:1анҷом дод.

Нимҳимоятгари "Хатлон" Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро кушод, вале бохтариҳо натавонистанд бо пирӯзӣ бозиро анҷом диҳанд. Қабл аз садои ҳуштаки довар футболбозони Турсунзода тавассути голи Нозим Бобоҷонов тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

Дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин бозии дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳнамоии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев буд.

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Ба голи задаи бозингари "Файзканд”"Наврӯз Рӯстамов, футболбозони "Куктош" бо се голи Бунёд Шодиев, Аббос Икромов ва Муҳсин Абдуғаффоров ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар КМВА дар сафар тими "Истаравшан"-ро мағлуб намуд – 2:1. Ҳар ду голи тими артишро Шервонӣ Мабатшоев зад. Дар ҳайати дастаи Истаравшан Илҳом Баротов голро ба номаш сабт кард.
Ду бозии дигари даври нуҳум рӯзи 12 июл доир гардид. "Хуҷанд" бар дастаи "Душанбе-83" ва "Истиқлол" бар тими "Локомотив-Помир" бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

Голи дастаи Хуҷандро Фирдавс Чақалов ва голи тими Душанберо Рустам Соиров ба номашон сабт карданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳо ба танаффуси дуҳафтаина рафтанд ва имкон доранд бозингарони навро ҷалб намоянд.

Дар ҷадвали чемпионат "Истиқлол" бо 25 хол пешсафи ягона аст. Дар ҷои дуюм "Хуҷанд" бо 19 хол, дар ҷои сеюм "Хатлон" бо 18 хол мавқеъ гирифтаанд.

69
Барчаспҳо:
пирӯз, "Истиқлол", футбол
Грузовик с газом, архивное фото

Нархи газ бояд 3,2 сомонӣ бошад: шарҳи Муминзод дар бораи монополия, нарх ва санҷиш

0
Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, вуҷуди монополияро дар бозори гази моеъ рад карда, иттилоъ дод, ки барои санҷиши болоравии нархи газ дар кишвар гуруҳи корӣ аллакай сафарбар шудааст

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ  тавзеҳ дод, ки хароҷоти дохилию андозбандӣ, нархи роҳ ва ғайраро ҳисоб кардаанд, ки тибқи он нархи яклухти гази моеъ набояд зиёда аз 3,2 сомониро ташкил диҳад.

Дар ҳоле, ки феълан нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 сомонӣ мебошад, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, гуруҳи корӣ барои санҷиши асоснокии он ташкил карда шудааст.  Ӯ афзуд, чун гази моеъ шомили молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад, дар сурати аз 20 дарсад дар як моҳ беасос боло рафтани нархи он, Хадамоти зидди инҳисорӣ санҷиш мегузаронад.

Дар Ванҷ ду ноболиғи 12 - соларо аз об берун оварданд: яке фавтиду дуюмӣ дар бемористон

Муминзод илова намуд, ки аллакай дар 10 ширкат санҷишҳо оғоз гардиданд ва тайи 20-30 рӯзи оянда натиҷаи санҷиш маълум мешавад.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид кард, ки агар нархҳо беасос боло бурда шудаанд, маблағи он ҳамчун даромади беасос ҳисоб гардида, ба буҷаи давлат баргардонда мешавад.

Ӯ ҷой доштани мавқеи инҳисории ширкатҳои алоҳидаро дар бозори газ рад карда, тавзеҳ дод, ки ширкати доминанти бозор тибқи қонунгузории Тоҷикистон онеро мегӯянд, ки 35 дарсади бозорро дар ихтиёр доранд.  Ӯ афзуд, дар миёни 15 ширкати воридкунандаи газ ба Тоҷикистон, пешсаф ҶДММ “Аллат” мебошад, ки саҳмаш дар бозор 17,2 дарсадро ташкил медиҳад.  Сипас “Темур Ойл”, “Ғайрат 82”, “Октан сервис” ва панҷум “Газпром нефт” ҷой гирифтааст, ки ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳиссаи Газпром дар бозори газ ҳамагӣ 8,4 фоизро ташкил медиҳад.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон