Футбол, архивное фото

Турдиев ба пирӯзии мунтахаби наврасони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё- 2020 бовар дорад

161
(Таҷдидшуда 20:11 14.09.2019)
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев иброз намудааст, ки мақсади дастаи мо роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Қаҳрамонии Осиё мебошад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Заркаи Урдун марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16–сола дар гурӯҳи "А" оғоз мегардад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, дастаҳои мунтахаби  наврасони Тоҷикистон,  Урдун, Кувайт, Шри-Ланка ва Непал барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.

Зимнан сармуррабии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев зимни нишасти матбуотӣ иброз доштаст, ки  футболбозони тоҷик ба ин мусобиқа бо тайёрии пухта омада, дар се мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Чин, Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки  бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи "А" имрӯз бо бозии байни дастаҳои Непал бо Урдун ва Кувайт бо Шри-Ланка оғоз ёфта, то 22 сентябр идома меёбад.

Финал: Тоҷикистону Қазоқистон барои Ҷоми Президент рақобат хоҳанд кард

Футболбозони Тоҷикистон 16 сентябр бо Шри-Ланка аввалин бозии худро доир мекунанд.

161
Барчаспҳо:
мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Урдун, футбол
Кулябский Равшан выиграл золото первенства первой лиги Таджикистана

"Равшан" пеш аз мӯҳлат дар Лигаи футболи Тоҷикистон пирӯз шуд

9
(Таҷдидшуда 11:45 22.10.2020)
Дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шоми  дирӯз дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Кӯлоб  бозии даври 21-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон байни  дастаҳои   футболи   "Равшан"-и шаҳри  Кӯлоб ва "Ҳулбук"-и ноҳияи  Восеъ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи  дастаи  футболи   "Равшан" хотима ёфт. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" гузориш медиҳад.

Дастаи футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ дастаи  "Ҳулбук"-и ноҳияи  Восеъро  мағлуб кард ва  як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардид.

Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб дар мавсими соли 2021 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буданд. Голҳои Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Умед Бадалов ва Сафаралӣ Каримов ба дастаи  "Равшан" пирӯзӣ оварданд. Дастаи футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб   дар 21 бозӣ 51 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор дорад.

Баъди 26 сол: “Равшан”-и Кӯлоб Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд

Дастаи  футболи "Эсхата"-и шаҳри  Хуҷанд, ки 46 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи  футболи  "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд  низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ гардидааст.

Дастаи футболи  "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 38 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро ишғол мекунад. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқа маълум хоҳад шуд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои футболи  "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ва "Равшан"-и  ноҳияи  Зафаробод байни  ҳам талош доранд.

Баъди 17 сол: “Равшан” ва “Хатлон” дар финали Ҷоми Тоҷикистон

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 25  октябр баргузор мешаванд.

 

9
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

244
(Таҷдидшуда 15:50 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва ҳоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

244
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Барканории ду масъули тиббию санитарии Суғд

0
Бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, сардорони шуъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт аз мақоми вазифавӣ барканор шудаанд

 ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон бо судури ду фармон Ҷамолиддин Абдуллозода, дар сохтори тандурустии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъйиноти кадрӣ гузаронидааст.

Бар асоси фармонҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Гулшан Мадаминова ва Шуҳрат Имомназаров, сардорони шуъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт барканор шуда ба ҷойи онҳо нафарони дигар ба ин мақоми вазифавӣ таъйин шудаанд.

Зимнан сабаби барканории ин ду масъули соҳаи беҳдоштӣ шарҳ дода нашудааст. Мадаминова ва Имомназаров ҳарду наздик ба чор солӣ, дар вазифаи сардори КАТС дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт кор кардаанд.

Таъиноти кадрӣ дар Хатлон: ҳафт нафар вазифа гирифтанд - се зан

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳоло Насиба Ахмедҷонова ва Мавҷуда Аслонова иҷрокунандаҳои вазифаи сардори КАТС дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт таъйин карда шудаанд.

0