Нокаути бераҳмонаи размикори UFC, ки Ҳабибро нишон гирифтааст - видео

1193
(Таҷдидшуда 19:02 15.09.2019)
Рақобати асосии UFC Fight Night 158 миёни варзишкорони амрикоӣ - Ҷастин Гэтҷӣ ва Доналд Серроне баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар Ванкувер рақобати асосии UFC Fight Night 158 миёни варзишкорони амрикоӣ - Ҷастин Гэтҷӣ ва Доналд Серроне баргузор шуд.

Гетҷӣ дар бахши аввали рақобат, Серронеро нокаут кард.

Офарин! Баҳои баланди Путин ба ҳунари Нурмуҳаммадов - видео

Дар мусоҳиба, пас аз рақобат, Гетҷӣ гуфт, ки акнун мехоҳад бо варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд.

Ёдрас мешавем, ки қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 8 сентбяр дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дастболо шуд.

То рақобати Ҳабиб ва Дастин дар Абу-Дабӣ, президенти UFC борҳо гуфта буд, ки Тони Фергюсон бо ғолиби ин рақобат ба майдон хоҳад баромад.

Шукри Худо: ҳайрат, хайр ва ҳурмати Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди сабқат бо Пуаре-видеоҳо

Тони Фергюсон аз рақибони қадимии Ҳабиб мебошад. Онҳо аллакай чор маротиба кӯшиши рақобат дар октагонро доштанд, вале вохӯриашон бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд. Бори охир рақобати миёни Тони ва Ҳабиб ба далели захми варзишкори амрикоӣ, баргузор нашуд.

Фергюсон ташнаи "хун"- и Нурмуҳаммадов: Тони замони рақобатро гуфт

Фергюсон 12 бор пайи ҳам пирӯз шудааст. Ин варзишкори амрикоӣ ҳамагӣ 25 бор ба октагон баромада ва танҳо се маротиба мағлуб шудааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор ба майдони разм баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

1193
Барчаспҳо:
нокаут, варзиш, ММА, Ҳабиб Нурмуҳаммадов