Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкСоревнование по самбо, архивное фото
Соревнование по самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Деҳлӣ дар мусобиқаи осиёӣ аз рӯи намуди гӯштини самбо донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовори медали тилло гашт

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сидиброз Икромов, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мусобиқаи осиёӣ аз рӯи намуди гӯштини самбо сазовори  медали тилло шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Умед Ҳасанбековро барои истифодаи допинг аз ҳуқуқи иштирок дар сабқатҳо маҳрум карданд - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкории номии тоҷик барои истифодаи допинг аз сабқатҳои самбо маҳрум шуд

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 14 сентябри соли равон дар пойтахти Ҳиндустон -шаҳри Деҳлӣ баргузор гардида, дар он варзишгарон аз кишварҳои Муғулистон, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбакистон, Чин, Тоҷикистон ва чанде дигар байни ҳам рақобат намуданд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, Сидиброз Икромов дар вазни 90 кг ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

“Ба ифтихори ғолибияти ин варзишгари номии кишвар Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, Парчами миллӣ парафшон гардид”, - таъкид анмудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар риштаи самбо 11 медал, аз ҷумла се тилло ба даст оварданд.

“Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ мушарраф шуданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё 11 медал гирифтанд

Манбаъ тавзеҳ дод, ки медалҳои тиллоро Шердил Алмосов дар вазни -74кг, Саидиброз Икромов дар вазни -90кг миёни ҷавонон ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни -74кг миёни калонсолон ба даст оварданд.

Медали нуқраро Фирӯз Муъминов дар вазни -68кг миёни ҷавонон соҳиб шуд.

Миёни наврасон Комилҷон Ҳайдаралӣ дар вазни -56кг, Субҳон Мирзомуродзода -70кг, Муҳаммадҷон Зиёев -48кг, миёни калонсолон Талабшо Мунавваров -52кг, Ҳамроз Раҷабов -82кг, Одилҷон Сафаров +100кг ва дар самбои размӣ Худоёр Раҷабзода -68кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Лентаи хабарҳо
0