Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол

Мунтахаби наврасони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд

71
(Таҷдидшуда 12:16 17.09.2019)
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020 - ро бо ғалаба оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бино бар хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи "А" тими наврасони Шри Ланкаро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб намуданд.

Бозӣ шоми 16 сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун баргузор шуд.

Наврасони тоҷик тими Қазоқистонро шикаст доданду ба финал баромаданд

Манбаъ меафзояд, дар ҳайати тими наврасони тоҷик Абдулфаттоҳ Худойдодзода 4 гол, Муҳаммадворис Сайдалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ заданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қазоқистон сазовори ҷои дуюм шуд

Маврид ба зикр аст, дар даври сеюм, ки рӯзи 18 - уми сентябр доир мерадад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамослонашон аз Кувайт бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 роҳхат мегиранд.

71
Барчаспҳо:
пирӯз, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, футбол