Хабиб Нурмагомедов

Аз тилло гаронтар : "футболка" - и рақобати Ҳабиб ва Пуареро 100 ҳазор доллар фурӯхтанд

683
(Таҷдидшуда 17:48 17.09.2019)
Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. "Футболка" - и варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре, ки пас аз пирӯзӣ Ҳабиб гирифт, дар музояда ба нархи 100 ҳазор доллар фурӯхта шуд.

Гуфта шуд, ки ин маблағ барои корҳои хайрия сарф карда мешаванд.

"Ин хабари хуш аст. Чун ба мардуми зиёд кумак хоҳад расид. Ман бо ин ифтихор дорам. Ин саҳмро дар корҳои хайрия қадр мекунам", - гуфт Пуаре.

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Нокаути бераҳмонаи размикори UFC, ки Ҳабибро нишон гирифтааст - видео

Пас аз анҷоми рақобат, варзишкорон "футболка" - ҳояшонро бо ҳамдигар иваз карданд. Ҳабиб футболкаи Дастинро гирифта ваъда дод, ки онро ба музояда гузошта ва маблағи бадастовардаро ба Бунёди хайриявии Дастин Пуаре - Good Fight Foundation месупорад.

Нурмуҳаммадов сирри пирӯзӣ бар Пуареро ифшо кард - видео

Тибқи иттилои пешакӣ, маблағи аз фурӯши футболка бадастомада барои кӯмак ба мактаббачагони Уганда сарф хоҳад шуд.

Сипосгузории Дастин Пуаре аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои дарс - акс

Чанд рӯз пас аз рақобат, варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои дарс дар зиндагӣ сипосгузорӣ кард. Пуаре гуфт, пушаймон нест ва танҳо ба пеш қадам мениҳад.

683
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

244
(Таҷдидшуда 15:50 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва ҳоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

244
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақиқ шуд

97
(Таҷдидшуда 13:47 21.10.2020)
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ду рақобати дӯстона бо кишварҳои арабӣ дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҳайати яккачини кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА муаян кард.

Тибқи иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи миллипӯшони кишвар бо тимҳои Баҳрайн ва АМА 7 ва 12-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад.

Тошев барои рақобатҳои дӯстона 27 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, яккачини кишвар барои ин рақобат 4-уми ноябр ба Дубай хоҳанд рафт.

Ҳайати яккачини Тоҷикистон дар рақобат бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (Истиқлол), Шоҳрух Кирғизбоев (Локомотив-Помир), Муҳриддин Ҳасанов (Хуҷанд).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев (Бунёдкор, Ӯзбакистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (Истиқлол), Манучеҳр Сафаров (Локомотив-Помир), Алишер Баротов (Худҷанд).

Тими "Равшан" - и Кӯлоб дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон пирӯз омад

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (Навбаҳор, Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Илҳом Баротов (Истаравшан), Алишер Ҷалилов, Амирҷон Ҷурабоев ("Истиқлол"), Абдулмӯъмин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд").

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (Истиклол), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодустов (Хуҷанд), Ислом Зоиров (Локомотив-Помир).

97
Барчаспҳо:
рақобат, Баҳрайн, АМА, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 11:29 22.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 22 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1333 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1360 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3388 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2670 то 12.4500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1370 то 0,1395 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.132 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1325 то 0,1415 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯии коршинос аз ҷаҳиши рекордии доллар то охири октябр

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0