Мунтахаби духтарони Тоҷикистон аз Қаҳрамонии CAFA-2019 медали биринҷӣ оварданд

94
(Таҷдидшуда 19:18 17.09.2019)
Қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни мунтахаби духтарони то 15 - сола дар шаҳри Тошканд ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мунтахаби духтаронаи то синни 15 - сола, дар мусобиқаи мазкур ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо медили биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Бар хабари манбаъ, дар қаҳрамонӣ футболбоздухтарони тоҷик се бозӣ анҷом дода, дар як бозӣ муқобили Узбакистон ғалаба карданд (2:0), дар ду бозӣ аз ҳамсолонашон аз Эрон (0:4) ва Қирғизистон (1:6) мағлуб гардиданд.

Турдиев ба пирӯзии мунтахаби наврасони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё- 2020 бовар дорад

Зимнан гуфта мешавад, мунтахаби Эрон, ки дар ҳар се бозӣ пирӯз шуд, ғолиби Қаҳрамонии CAFA-2019 гардид.

Муборак: футболбозони Тоҷикистон тими Муғулистонро бо ҳисоби 1- 0 мағлуб карданд

Медалҳои нуқра насиби дастаи Қирғизистон шуд, ки 6 хол ба даст овард.

94
Барчаспҳо:
духтарон, мунтахаб, футбол, Тошканд
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Тими "Равшан" - и Кӯлоб дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон пирӯз омад

51
(Таҷдидшуда 17:04 20.10.2020)
Дар Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон, тими "Равшан" - и Кӯлоб ғолибиятро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дастаи "Равшан"- и Кӯлоб дар Қаҳрамониии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасони то 15 - сола ғолиб шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонӣ бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи "Равшан"-и Кӯлоб шуд. Медалҳои нуқраро дастаи "Суғд" ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ ба даст оварданд.

Маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории қаҳрамонӣ дар Душанбе баргузор шуд. Дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.

Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари қаҳрамонӣ бошад, ба Ҳайдаршо Худойдодов тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов азхуд кард.

51
Барчаспҳо:
футбол, Тоҷикистон, қаҳрамон, тими "Равшан"
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

60
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

60
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон
День 21 октября

Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:50 20.10.2020)
Рӯзи 21 октябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун рӯзи ширинӣ ва дар Бритониёи Кабир рӯзи себ таҷлли мешавад

Рӯзи 21 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1969 дар  Тошканд аввалин Кинофестивали байналмилалии давлатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ доир шуд.

Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото

Соли 1994 Академияи телевизионии Русия ҷоизаи ҳамасолаи "ТЭФИ"-ро таъсис дод.

Вручение телевизионной премии ТЭФИ 2017
© Sputnik / Владимир Астапкович
Вручение телевизионной премии "ТЭФИ 2017"

Рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Душанбе созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди УрОсиё (БРАО) дар бораи фаъолият ва кушодани дафтари Бонк дар Тоҷикистон ба имзо расид

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи журналистон зери номи “Кумитаи 29 сентябр” таъсис ёфт.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе татбиқи "Барномаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2006-2010" муҳокима карда шуд.

Соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи "Сока" — и  Ҷопон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев
Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото

Соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши "Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир" оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуданд.

Соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобила барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.

Соли 2015 дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дворец Арбоб в Худжанде
© Sputnik / Стас Этвеш
Дворец Арбоб в Худжанде

Соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр

  • Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.
  • Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ.
  • Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Гондурас.
  • Рӯзи инқилоб дар Сомалӣ ва Судон.

Рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Нарзулло Азимов (1934)- адабиётшинос, профессор.

Зинаида Захарова (1929) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон.

Маҳмуд Исмоилов (1929-2011) – доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Солеҳҷон Фармонов (1922) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Марианна Фофанова (1921) – шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Григорий Ясвоин (1884 – 1963) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон