Падари Нурмуҳаммадов макони баргузории рақобати навбатии Ҳабибро гуфт

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкЧемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе россиянин Хабиб Нурмагомедов
Чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе россиянин Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи размикори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов талош дорад, то рақобати навбатии варзишкор дар шаҳри Маскав баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов омода аст, рақобати навбатии худро моҳҳои март-апрели соли 2020 дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор кунад.

Дастаи размикор талош дорад, то рақобати навбатии Ҳабиб дар шаҳри Маскав баргузор шавад, хабар дод падари варзишкор Абдулманап Нурмуҳаммадов ба РИА Новости.

Президенти UFC рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро эълон кард

"Мо сари масъалаи баргузории рақобати навбатии Ҳабиб дар Русия, ҷиддӣ кор карда истодаем", - гуфт Нурмуҳаммадов. Замон моҳҳои март ё апрели соли оянда. Макони рақобат Маскав хоҳад буд".

Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Дар мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия варзишкор гуфт, 80 дарсад бовар дорад, ки рақобати навбатӣ дар Русия баргузор мешавад.

Гулӯяшро наҷафидӣ: Путин бо Ҳабиб мулоқот карду ба размаш баҳо дод

Бояд гуфт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти варзишиаш 28 бор ба майдон баромада ва пирӯз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0