Зӯрозмоии дипломатҳои ватанию хориҷӣ барои Ҷоми вазир дар Душанбе

© сомонаи Вазорати умури хориҷии ТоҷикистонҶоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи минифутбол барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019"
Ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи минифутбол барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дипломатҳои ватанию хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе барои Ҷоми вазири корҳои хориҷӣ – 2019 дар риштаи футболи хурд зӯрозмоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, рӯзи 28 сентябр дар Маҷмааи варзишии Вазорати мазкур, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи минифутбол барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019” баргузор гардид.

Футболисты на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз муштзанӣ: моҷарои 2-юм дар бозии тимҳои “Хатлон”-у “Истаравшан”-видеоҳо

Дара маросими ҷоизасупорӣ, нахуст Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро хайримақдам гуфт.

Манбаъ афзуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ривоҷу равнақ додани варзиш ва тавсеаи дӯстиву ҳамкорӣ миёни корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон буда, идомаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мусобиқаи мазкур 17 сентябр миёни дастаҳои Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҷамъбаст дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷалолов, ки муштзани амрикоиро аз пой афтонд, ба аёдаташ рафт - видео

Игор Лякин – Фролов, сафири Тоҷикистон дар Русия, дар суханронии худ барои доир намудани чунин чорабинии варзишӣ аз номи намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Лентаи хабарҳо
0