Тоҷикистон ба пеш: мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ имрӯз бо тими Молдив рақобат мекунанд

© акс аз сомонаи ФФТТими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020, мунтахаби навраслони Тоҷикистон имрӯз бо тими Молдив вориди майдон мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз  дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи "С" баргузор мешавад.

Сборная Таджикистана по футболу выступает в Петербурге  - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат хоҳад кард

Тибқи хабари манбаъ, дар мусобиқаи мазкур  дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бо дастаи футболбозони Молдив рақобат мекунанд.

ФФТ шаҳрвандонро барои истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даъват намудаст

Ҳайати асосии  дастаи  мунтахаби ҷавонони моро бозингароне ташкил медиҳанд, ки охири ин моҳ дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон то 17-сола  дар Бразилия ширкат менамоянд.

Барои ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтан, ки соли оянда дар Узбакистон  баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Молдив, Лубнон ва Сурия  бозӣ мекунад.

Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод

Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе, соати 19:00, оғоз мегарданд.

Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0