Мавзуна Чориева 4 муштзани тоҷикро ба Қаҳрамонии ҷаҳон бурд

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Улан Удэи Русия, ки феълан Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс ҷараён дорад, Тоҷикистонро 4 варзишгар бо роҳбарии Мавзуна Чориева намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс аз 3 то 13 октябри соли равон дар шаҳри Улан Удэи Россия давом меёбад, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс: муштзани тоҷик дар рақобати аввал пирӯз шуд

Бар хабари манбаъ, дар мусобиқаи мазкур  беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг ва Идимоҳ Холова дар вазни 69кило намояндагӣ мекунанд.

Расонаҳо: Мавзуна Чориева бо хонаводааш ба садама афтод

Варзишгарони тоҷик бо роҳбарии ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева бо ин мусобиқа сафарбар шудаанд.

Гуфта мешавад, қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд. Муҳорибаҳои варзишгарони тоҷик аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0