Футбольный мяч на поле, архивное фото

Мунтахаби Тоҷикистон пас аз голборони тими Молдив имрӯз бо дастаи Ливан бозӣ мекунад

140
(Таҷдидшуда 16:27 04.10.2019)
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихоботии Қаҳрамонии Осиё - 2020 имрӯз бо футболбозони навраси Ливан вориди майдон мешавад.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik.  Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Ливан бозӣ мекунанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, ин дуюмин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Қаҳрамони Осиё - 2020 дар гурӯҳи "С" мебошад.

Голборон: навори нӯҳ голи беҷавоби футболбозони Тоҷикистон ба дарвозаи Молдив- видео

Рақобати футболбозони Тоҷикистону Ливан соати 19:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби 19 - солаҳои Тоҷикистон бозии аввали худро бо тими  Молдив бо пирӯзӣ оғоз карданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳ чӣ хел истиқбол гирифтанд ? - акс

Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 голи беҷавобро таслими дарвозаи рақиб намуданд.

140
Барчаспҳо:
мунтахаби наврасони Тоҷикистон, футбол, Тоҷикистон
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

640
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

640
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор
Душанбинский ФК Истиклол на тренировке в Ташкенте

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

83
(Таҷдидшуда 09:12 08.08.2020)
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста  баргашт

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев, ки тӯли як сол дар тими “Навбаҳор”-и  Ӯзбекистон бозӣ мекард,  дубора ба тим баргашӣ.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҷадиди бозигар бо қаҳрамони Тоҷикистон муддати як солро дар бар мегирад, аммо дар бораи маблағи гузариш иттилоъ дода нашудааст.

Амирбек Ҷурабоев қаблан се сол тули мавсимҳои 2016-2019 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамоӣ карда бо дастаи пойтахт чандин бор қаҳрамони кишвар, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Абарҷоми мамлакат гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев бо пероҳани рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ бозигари дигари даста Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст
Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

83
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

492
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

492
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед