ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Қаҳрамони тоҷик Дилшод Назаров дар сафҳаи Instagram бобати маҳрумияти худ аз идомаи мусобиқаҳо ибрози назар кард.
"Иттиҳоме, ки алайҳи ман эълон намуданд, дар баробари ман аҳли оилаи маро ва мухлисону ҳамватанонамро дар ҳолати шок андохт. Дар асл ман қурбонии қаллобӣ шудам", - навиштааст варзишгари тоҷик.
Назаров зимнан илова намудаст, ки дар баробари қаҳрамон будан, ҳамчунин тарбиятгари се фарзанд ва Президенти Федератсияи сабуки Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз чунин роҳи ифлос соҳиб шудан ба унвони Қаҳрамони ҷаҳон истифода намекард.
"Ман на танҳо худамро, балки пеш аз ҳама ватанамро муаррифӣ мекунам ва пайваста ҷонибдори бозии шаффоф будам, ҳастам ва хоҳам монд", - илова намудаст Назаров.
Дилшод Назаров аз Қатар ба Душанбе баргашт
Гузашта аз ин, Назаров мегӯяд, танҳо фикр дар бораи истифодаи допинг ӯро сахт таҳқир мекунад.
"Варзиш бояд ҳамеша шаффоф бошад ва қаҳрамони олимпӣ муаррифгари бозии соф ва ҳамчун намуна барои дигарон бояд бошад", - мегӯяд ӯ .
Дилшод Назаров иттилоъ дод, ки ҳоло бо AIU ва IAAF ҳамкорӣ дорад ва парвандаи допинг дар Федератсияи варзиши Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Зимнан илова кард, ки вай омода аст худро дар назди IAAF ва CAS дифоъ кунад, агар парванда дар он ҷо баррасӣ шавад.
Дилшод Назаров: ба ман як каме фурсат диҳед, то ба худ биёям
"Ман аз зиндагӣ шикоят намекунам, зеро зиндагӣ ҳамин аст, гоҳе паст гоҳе баланд. Аммо муборизаро то охир мерасонам", - таъкид мекунад Қаҳрамони ҷаҳон.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.
Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.
Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.
Гуфта мешавад, шояд Макгрегор устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.
Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.
Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.
Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад
Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.
Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.
Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.
"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.
Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.
Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?
Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.
"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.
Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.
Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.
Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.
Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд
Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.
Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё 1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.