Тӯб дар майдон, акс аз бойгонӣ

Видеои беҳтарин лаҳзаҳои сабқати футболбозони Тоҷикистону Лубнон

54
(Таҷдидшуда 14:36 06.10.2019)
Федератсияи футболи Тоҷикистон навори беҳтарин лаҳзаҳои сабқати футболбозони Тоҷикстону Лубнонро пешниҳоди мухлисон кард

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Мунтахаби футболбозони 19-солаи Тоҷикистон ба дарвозаи рақиб 1 гол ворид намуда бо касби 6 имтиёз ҳамоно садрнишини гурӯҳи худ мебошанд

Шоми 4 октябр футболбозони тоҷик дар доираи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони то 19 сола дар гурӯҳи "С" бо тими Лубнон вориди майдони рақобат шуданд. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар дақиқаи 46 - уми бозӣ тавонистанд ба дарвозаи ҳариф гол зананд.

Голро Шаҳром Самиев ба дарвозаи тими Лубнон ворид намуд ва акнун дар ҳисоби ӯ 4 гол буда, беҳтарин нишонзани марҳилаи муқаддамотӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин пирӯзи футболбозони тоҷик ҳоло дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз садрнишинанд. Акнун рақиби асосии  мунтахаби Тоҷикистон дастаи ҷавонони Сурия ба ҳисоб рафта, дар ҳисоби мунтахаби мазкури арабӣ ҳоло 4 имтиёз аст.

Ба қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони 19 сола, ки соли оянда дар Узбакистон сурат мегирад ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 тим бо нишондоди беҳтарини дуюм роҳ пайдо мекунанд.

54