Се пирӯзӣ ва 9 хол: тими Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт

© акс аз сомонаи ФФТТими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар дастаи Сурия
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар дастаи Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – “U-19” дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” се ғалаба ба даст овард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, шогирдони Зайниддин Раҳимов шоми 6 октябр дар даври ниҳоӣ бар тими ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юми дидор Шаҳром Самиев зад.

Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои футболбозони тоҷик барои муштзании гуруҳӣ ва дашноми мухлисон

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои Малдив бо ҳисоби 9:0 ва Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд.

“Ҳамин тариқ, бо ба даст овардани 9 хол аз 9 холи имконпазир мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли ояндар дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита тавзеҳ дод, ки 14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 рӯзи 10 ноябр, пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи боқимонда, маълум мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0