Боксерские перчатки, архивное фото

Муштзанҳои тоҷик аз мусобиқа дар Узбакистон бо медали тилло ва биринҷӣ баргаштанд

80
(Таҷдидшуда 16:22 08.10.2019)
Дар Узбакистон мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба бокс ба хотири Валентин Золотарев ҷамъбаст гардид, ки барои варзишгарони тоҷик бобарор анҷомид

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik.  Ду варзишгари тоҷик аз мусобиқа оид ба бокс, ки дар шаҳри Андиҷони Узбакистон доир гардида буд, бо медали тилло ва биринҷӣ ба ватан баргаштанд.

Бар хабари сомонаи Варзиш дар мусобиқаи мазкур наздики 177 варзиш аз Узбакистону Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Мавзуна Чориева 4 муштзани тоҷикро ба Қаҳрамонии ҷаҳон бурд

Мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 7 варзишгар дар мусобиқаи мазкур ширкат намуда, як медали тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Манбаъ меафзояд, медали тиллоро Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни 75 кг пас аз 5 ғалаба аз рақибонаш аз Узбакистону Қирғизистон соҳиб шуд.

Муштзан пас аз нокаут "пирӯз" шуд : видеои рақобати аҷиб

Медали биринҷиро  Дилшод Оқилов дар вазни 52 кг сазовор шуд.

80
Барчаспҳо:
медалҳо, варзишгарони тоҷик, бокс, мусобиқа, Узбакистон