Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба хотири иштирок дар мусобиқа озими Тошканд мешавад

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад моҳи ноябр, қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба хотири иштирок дар мусобиқаи GFC 20 озими Тошканд шавад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Қаҳрамони рус ва зодаи Доғистон Ҳабиб Нурмуҳаммедов нахустин мусобиқаи ММА дар таърихи Узбакистонро эълон кард. Ҳабиб дар сафҳаи Instsgram ба тамоми ҳаводоронаш аз сафари қарибулвуқӯи худ ба Узбакистон хабар додаст.

Гуфта мешавад, қаҳрамонии GFC20  дар толори Humo Arena - и Тошканд санаи 23 ноябри соли равон баргузор мешавад. Ба ҳайси меҳмони фахрӣ қаҳрамони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммедов даъват шудаст.

"Ман дар мусобиқаи GFC20, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, иштирок мекунам. То зудтарин дидор, муваффақ бошад", - навиштааст Ҳабиб дар сафҳаи худ барои кулли ҳаводоронаш.

Дар назар аст, ки дар мусобиқаи мазкур ҳамчунин варзишгарони муҳорибаи омехтаи Узбакистон низ иштирок кунанд. Зимнан муҳорибаи асосии ин мусобиқаро, рақобати бародарзодаи  Ҳабиб бо Никита Чистяков ташкил медиҳад.

Ба ҳамсараш дар кӯдакӣ ошиқ шуд - 8 далел аз ҳаёти Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи октябри соли равон Ҳабиб изҳор намуда буд, ки дар Узбакистон академияи муҳорибаҳои омехтаро боз мекунанд ва ҳамзамон дар мусобиқаи GFC низ ишгтирок мекунад.

Лентаи хабарҳо
0