Стадион Уэмбли в Лондоне

Рӯйхати футболбозони Испания, ки бо наврасони тоҷик рақобат мекунанд

671
(Таҷдидшуда 08:35 13.10.2019)
Аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия Ҷоми ҷаҳон байни футболбозони то 17 сола баргузор мегардад. Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи "Е" бо мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ситоди мураббиёни мунтахаби наврасони Испания ҳайати тимашонро барои Қаҳрамонии ҷаҳон -2019 расман эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба сомонаи soccer.ru.

Ҳайати мунтахаби Испания (U-17) барои Ҷоми ҷаҳон-2019:

Дарвозабонҳо: Иван Мартинес («Осасуна B»), Эрик (“Реал Бетис”), Хуан Гарсия («Малорка B»);

Ҳимоятгарон: Алехандро Франкес («Реал Сарагоса»), Менаргуес («Валенсия В»), Хави Лопес («Алавес Б»), Рафа Марин («Реал Мадрид –U18»), Хосе Мартинес («Барселона Б»), Адриан Гомес («Атлетико Мадрид Б»), Алваро Каррилло («Реал Мадрид –U18»);

Нимҳимоятгарон: Алиакс Мориба («Барселона Б»), Бенат Турриентес («Реал Сосйедад Ҷувенил А»), Роберт Наварро («Реал Сосйедад Хуневила А»), Айтор Гелардо («Вилярреал Хувенил А»), Йемери Пино («Вилярреал Ҷувенил А»), Ларрубиа («Малага Б»), Ҷерман Валера («Атлетико Мадрид Б»);

Ҳамлагарон: Жорди Эскабар («Валенсия месталя»), Аранда («Реал Мадрид –U18»), Пабло Морено («Ювентус U-19»), Педри («ФК Лас-Палмас»);

Сармураббии тим: Давид Гордо.

Ёдрас мешавем, ки 17 октябр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) ба Бразилия сафар мекунад.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ, ки аз 27 октябр то 17 ноябр идома меёбад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро сармураббӣ Зайниддин Раҳимов роҳбарӣ менамояд. Тоҷикистон дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои мунтахаби Испания, Аргентина ва Камерун вориди майдон мешавад.

671
Барчаспҳо:
рӯйхат, футбол, Испания
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

525
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

525
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор
Душанбинский ФК Истиклол на тренировке в Ташкенте

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

82
(Таҷдидшуда 09:12 08.08.2020)
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста  баргашт

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев, ки тӯли як сол дар тими “Навбаҳор”-и  Ӯзбекистон бозӣ мекард,  дубора ба тим баргашӣ.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҷадиди бозигар бо қаҳрамони Тоҷикистон муддати як солро дар бар мегирад, аммо дар бораи маблағи гузариш иттилоъ дода нашудааст.

Амирбек Ҷурабоев қаблан се сол тули мавсимҳои 2016-2019 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамоӣ карда бо дастаи пойтахт чандин бор қаҳрамони кишвар, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Абарҷоми мамлакат гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев бо пероҳани рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ бозигари дигари даста Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст
Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

82

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:27 09.08.2020)
Рӯзи даҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон буда дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 10 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Старинный телефон
© CC0 / Pixabay
Старинный телефон, архивное фото

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото
© Sputnik / Игорь Зарембо
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.

Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
  • Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.

Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.

Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.

Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.

Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.

Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.

Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.

Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.

Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.

Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.

Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.

Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.

Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.

Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.

Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон