Хабиб Нурмагомедов во время открытой тренировки c Дастином Пуарье

Писарамаки Нурмуҳаммадов гуфт, кӣ ба Ҳабиб забони тоҷикиро ёд дод

1738
(Таҷдидшуда 15:27 17.10.2019)
Писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммадов Умар Нурмуҳаммадов дар нишасти хабарӣ дар хабаргузории "Россия сегодня" гуфт, кӣ ба Ҳабиб забони тоҷикиро омӯзондааст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов борҳо ба забони тоҷикӣ сухан карда, ҳатто ҷавонони тоҷикро ба китобхонӣ даъват карда буд.

Писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Умар Нурмуҳаммадов имрӯз дар нишасти хабарӣ посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, забони тоҷикиро ба Ҳабиб дӯсти тоҷикашон Фаррух омӯзонидааст.

"Ин дӯстамон - Фаррух аст. Ӯ ба Ҳабиб якчанд суханҳоро ба забони тоҷкӣ омӯзонд. Салом кардан ва дигар калимаҳо", - гуфт Умар Нурмуҳаммадов дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Размикори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов пештар аз Қуръони Карим мисол оварда ба забони тоҷикӣ гуфт: "Ба ҳама салом. Хонед, хонед, боз хонед", - ва афзуд, ки фақат тавассути омӯзиш метавон худро такмил дод.

Ин суҳбати дуюмии Ҳабиб ба забони тоҷикӣ буд.

Ба ҳамсараш дар кӯдакӣ ошиқ шуд - 8 далел аз ҳаёти Ҳабиб Нурмуҳаммадо

Пештар варзишкори русиягӣ бо ҳаводоронаш ба забони тоҷикӣ ҳарф зада буд.

Дар як навори кӯтоҳ дар Instagram дӯсти тоҷикаш Фаррух аз варзишкор хоҳиш карда буд, ки бо забони тоҷикӣ чизе бигӯяд.

Дигар нест: Ҳабиб Нурмуҳаммадов номи рақиби навбатиашро гуфт

"Сағера, биги дега", - гуфт қаҳрамони UFC бо оҳанги хоси бисёри ҷавонони тоҷик.

Бисёр аз тамошобинон аз тарзи талаффузи монанди Нурмуҳаммадов ба ҷавонони тоҷик тавсиф карданд.

Ҳамин буд, ки шоми рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов 8 сентябри соли 2019 дар Абу Дабӣ бо варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре, Душанбе "хоб" надошт.

Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео

Чандин ҳазор ҷавонони тоҷик ба кӯчаҳои пойтахт баромада, роҳпаймоӣ карданд ва ба Ҳабиб барои пирӯзиаш офарин хонданд.

Дар бораи ҳаводории ҷавонони тоҷик писарамаки Ҳабиб мегӯяд, "дар воқеъ Ҳабиб аз ҳаводорони тоҷикистониаш беҳад шод аст ва чунин дастгирӣ ӯро барои фатҳи қуллаҳои нав рӯҳбаланд месозад".

Ҷавонони тоҷик Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ҳам барои касбияти баланди варзишӣ ва ҳам барои мусалмони машҳур будан, эҳтиром мекунанд. Ҳабиб соли 2017 ба Тоҷикистон сафар карда буд ва аз ҷониби тоҷикон хуш пазируфта шуд.

1738
Барчаспҳо:
забони тоҷикӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Саломатии иштирокчиён муҳимтар аз ҳама: лағви Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквандо

1
(Таҷдидшуда 15:26 15.08.2020)
Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷаласаи шӯро тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

"Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад", изҳор доштааст президенти ташкилоти "Таеквондои ҷаҳонӣ" Чунгвон Чоу.

Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.

1
Рустам Эмомали на день физкультурника подарил спортсменам Хорога спортивную форму

Либосҳои варзишӣ ва тӯбу кимоно: тӯҳфаи Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Хоруғ

64
(Таҷдидшуда 16:06 14.08.2020)
Рустами Эмомалӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе (ФФТ) ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу лавозимоти варзишӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, туҳфаҳои президенти ФФТ аз қабили либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ супорида шуд.

Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.

Номбурда гуфтааст, ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуда, инчунин навъҳои дигари варзиш - волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст.

64
Барчаспҳо:
ВМКБ, Рустами Эмомалӣ, ФФТ, Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Ваксинаи коронавируси Русия: "олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо"

0
Дар роҳи наҷот аз коронавирус - роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ аз он наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад.

Мо, пизишкон, дар табобати беморони коронавирус бо истифодаи "антитела", "стероидҳо" ва маводҳои зиддивирусӣ муваффақ шудем. Дар натиҷа марг аз коронавирус камтар шуд, аммо дар ҳолатҳои вазнин мо маҷбурем, ки беморонро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунем. Аз даҳ бемор шаш-ҳашт нафарашон аз инфексияи дохилибемористонӣ мемиранд. Ин гуна беморонро антибиотикҳои нав метавонистанд наҷот диҳанд, аммо барои коркарди онҳо солҳо лозим аст.

Роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ ба коронавирус наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад. Зеро то кадом андоза ба ин беморӣ нафарони устувор бештар шаванд, ҳамон андоза қабати иммунии ҷамъият ғафстар мешавад, ба эпидемия хотима меёбад.

Феълан, нафароне нисбати ин беморӣ устувор дониста мешаванд, ки ин бемориро аз сар гузаронанд. Аммо як роҳи бехатари дигар ҳам ҳаст - сироятнопазир кардан. Дар ҳоле, ки ваксинаи бехатар ва самаранок, ки мутахассисони маркази илмии ба номи Гамалеи сохтаанд, омода аст. Ин пажӯҳишгоҳ дар ҷомеаи микробиологӣ мисли бренди "Мерседес" дар мошинсозӣ аст.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Ман чанд сол аст, ки академикҳо Гинсбург ва Логуновро мешиносам. Бо онҳо ва кормандонашон мо роҳҳои нави мубориза бо бактерияҳои устуворро меомӯзем. Афзун бар ин, олимони пажӯҳишгоҳ аллакай зидди эбола ва MERS ваксин сохтаанд.

Ва на танҳо сохтанд, роҳи сохтани бехатар ва самаранок - векториро кашф намуданд. Ба аденовируси барои инсон беозор, мисли ба машаки ҳомил, истгоҳи мадорӣ - бурдаи коронавирусро мечаспонанд. Ва ба бадани инсон сар медиҳанд. Пас аз ин ҳам  ба мушаки ҳомил ва ҳам ба истгоҳи мадорӣ иммунитет ҳосил мешавад. Барои ин дастовардро мустаҳкамтар кардан, пас аз се ҳафта, ҳамин гуна "истгоҳи мадорӣ"-ро дар дигар "мушаки ҳомил", дигар аденовирус сар медиҳанд. Ва боз иммунитет ҳосил мешавад. Дар натиҷа ба ҳарду аденовирус иммунитети заифтар ҳосил мешавад (зеро он ба организм лозим нест), ба коронавирус бошад - иммунаи пойдор ва устувор.

Олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо. Зеро касе мисли мо то ин дараҷа нозукиҳои ваксинасозиро фикр накарданд. Дар ҷаҳон боз чанд ваксинаҳои векторӣ сохта мешаванд, аммо мисли ваксинаи коронавирус ду "мушаки ҳомил" надоранд.

Ваксин аллакай дар бадани довталабон озмоиш шудааст. Бояд қайд кард, ки довталабони нахустин ҳамон кормандони пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалеи буданд. Онҳо мисли созандагони пуле буданд, ки то қатораи аввал гузаштан, зери пул худашон истоданд. Пас аз онҳо ваксина дар бадани низомиён озоиш шуд! Ягон ҳолати зарари ваксин ба қайд гирифта нашудааст, ҳама иммунитети қавӣ доранд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар рафти сохтани ваксин мавҷи танқидҳо боло шуданд. Аз овозаҳои дурӯғи технологияҳои дуздидашуда сар карда, то бад шудани аҳволи довталабони озмоиши ваксин. Охиронашон  мудҳиш садо медиҳад: тақвияти вобастаи антителӣ (ADE). Ин барои ғайримутахассисон мудҳиш аст. Вирусологҳо медонанд, ки осори ADE танҳо барои лихорадкаи Денге шарҳ дода шудааст, ҳамон ҳам ба ваксингузаронӣ вобаста нест. Дар дигар ҳолатҳо осори ваксинаро танҳо дар пробирка мебинанд. Бояд қайд кард, ки на дар ҳолати инфексияи коронавирус.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

 Аз ин ҷо як савол бармеояд. Ин ширкатҳоро дар расонаҳо кӣ маблағгузорӣ мекунад? Он коршиносони мастақил аз кӣ вобастаанд. Ҷавобаш рӯшан аст: истеҳсолкунандагони дигар ваксинҳо ки феълан аз олимони Русия ақиб мондаанд. Баъзан аз истеҳсолкунандагонии доруҳои зиддивирусӣ, ки камсамаранд.

 Ба мо пизишкон ҳамаи ин шармовар аст. Мо интизорем, ки кай коронавирус маҳв мешавад ва мо бо дигар бемориҳои эпидемикӣ, ки то ҳол дастамон намерасид, машғул мешавем.

0