Российский борец Мирзаев отвечает на вопросы журналистов

Мирзаевро кӣ зад: бародари Ҳабиб мегӯяд оилаи онҳо дар латукӯби варзишгар даст надоранд

1670
(Таҷдидшуда 18:50 18.10.2019)
Умар Нурмуҳаммедов, писарамаки Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ки оилаи ӯ дар латукӯби варзишгари муҳорибаҳои омехта Расул Мирзаев иртибот надорад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммедов даст доштани пайвандонашро дар латукӯби бераҳмонаи Расул Мирзаев размикори муҳорибаҳои омехта, комилан рад мекунад, хабар медиҳад Спорт Экспресс.

Умар мегӯяд, ин кори дасти ягон нафар аз дӯстон ва пайвандони Ҳабиб нест. Номбурда латукӯб шудани Мирзаевро кори дасти "бача"-ҳои Артём Лобов мепиндорад.

"Оилаи мо дар ин кор тамоман даст надорад. Ин кор пас аз он сар зад, ки Мирзаев бо Артём Лобов дар як ҷо нишаста буданд ва сари кадом масъала байни онҳо нофаҳмӣ сар зад", - афзудааст Умар Нурмуҳаммедов.

Зимнан Умар илова намудаст, ки Ҳабиб гуё аз нияти нопоки ҳамроҳони Артём пай бурд ва ҳатто ӯро ҳушдор дода буд, ки эҳтиёт шавад.

Ҳамла ба хонаи Мирзаев ҳанӯз моҳи марти соли 2016 рух дода буд, вале навори латукӯби варзишгар ба наздикӣ пайдо шуд.

Он замон сару садоҳо баланд шуданд, ки гӯё дар латукӯби Мирзаев одамони Ҳабиб Нурмуҳаммедов даст доранд.

Вале писарамакаш ҳамаи ин иддаоро беасос хонада гуфт, ки чунин бархурд намудани ҷавонон бо Мирзоевро ноҷавонмардӣ меҳисобад.

"Агар нисбати шахс алам дошта бошӣ – рафта як ба як ҳал намо, бо худ одам гирифтан лозим нест", - мегӯяд Умар Нурмуҳаммедов.

Маврид ба зикр аст, ки дастандаркорони латукӯби варзигар  Расул Мирзаев бинобар пайдо накардани онҳо то ҳол беҷазо монданд.

1670
Барчаспҳо:
варзишгар, латукӯб, Ҳабиб Нурмуҳаммадов