Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва тими бразилӣ мусовӣ анҷом ёфт

1345
(Таҷдидшуда 17:18 23.10.2019)
Чанд соат пеш дар варзишгоҳи "Жозе Либеранч"-и шаҳри Сан-Паулуи Бразилия футболбозони навраси тоҷик бо дастаи Академияи бошгоҳи футболии "Аудакс" дидори рафиқона анҷом доданд, ки он бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои сомонаи Варзиш, рақобати мунтахаби Тоҷикистон бо тими бразилӣ соати 20:00 ба вақти Сан-Пауло ва 04:00 - и субҳи 23 октябри Душанбе шурӯъ шуд.

Манбаъ меафзояд, бозӣ бо ҳуҷуми паёпайи дастаи "Аудакс" шурӯъ гардид. Рақибони дастаи футболбозони тоҷик дар дақиқаи 26 - ум голи нахустинро ба дарвоза ворид карданд.

Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик

Бо гузашти танҳо ду дақиқа тими бразилӣ голи навбатиро низ вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон кард.

Зимнан дар дақиқаи 38 - ум як аксулҳуҷуми мунтахаби Тоҷикистон самар овард. Ислом Зоиров бо дарвозабон як ба як баромада ҳисобро коҳиш дод. Голи дувумро Шарифбек Раҳматов ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ бозии дӯстонаи тими наврасони Тоҷикистону Бразилия мусовӣ 2:2 анҷом ёфт.

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия рӯзи 9 ноябр баргузор мегардад

Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони тоҷик дар гурӯҳи "Е" бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон Аргентина, Испания ва Камерун неру месанҷанд.

1345
Барчаспҳо:
мусовӣ, Бразилия, Тоҷикистон, бозии футбол

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

661
(Таҷдидшуда 11:40 23.05.2020)
Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд.

Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм бошад Тайсон гӯши Холифилдро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард.

 Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

Қаблан Холифил баъди эълони бозгашташ ба саҳнаи бокс, гуфта буд, ки омодааст  бо Тайсон як маротибаи дигар биҷангад.

"Омодаам инро кунам. Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем",-гуфтааст Холифилд.

661
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, рақобат, майдон, бокс, Майк Тайсон, Ҷаҳон
Бадминтон, архивное фото

Тоҷикистон хоҳони ҳамкории бештар бо федератсияи бадминтони Эрон шудааст

147
(Таҷдидшуда 14:19 22.05.2020)
Ноиби раиси бонувони Федератсияи бадминтони Эрон гуфт, мақомоти варзишии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласа бар хати онлайни кумитаи тавсиъаи Осиё хоҳони ҳамкории бештар бо Эрон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла омӯзиш ва баргузории урдуҳо шуданд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Фарибо Мададӣ, ноиби раиси бонувони Федератсияи бадминтони Эрон гуфт, нахустин ҷаласаи онлайни кумитаи бадминтони Тавсиъаи Осиё бо ҳузури ҳашт нафар ва бо ҳузури мудири иҷроии Кумитаи Тавсиъаи Осиё баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ба гуфтаи хонум Мададӣ, дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳо гузориши мухтасаре аз амалкардҳо ва фаъолиятҳои худ дар семоҳаи гузашта ва дар даврони шуюи вируси корона ироа мекарданд.

Ноиби раиси бонувони Федератсияи бадминтони аз таваҷуҳи Тоҷикистон ба ҳамкории бештар бо Эрон ишора кард.

Вай афзуд, ба назар мерасид, фаолияти кишвари мо беш аз кишварҳои дигар будааст ва масъули кишвари Тоҷикистон зимни хушомадгуӣ ба Эрон ба далели қарор гирифтан дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳони ҳамкории бештар бо федератсияи Эрон шуд, то битавонад аз имконот ва ҳамкориҳои лозим дар заминаи омӯзиш ва баргузории урдуҳо ва дигар маворид бархӯрдор шаванд.

147
Барчаспҳо:
варзиш, омӯзиш, Осиё, ҷаласа, Федератсияи бадминтони ҶТ, Эрон, Тоҷикистон
День 25 мая

Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:13 24.05.2020)
Рӯзи 25 май Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл, Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта буда дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология, дар Олмон — Рӯзи падар, дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон ва Рӯзи озодкунии Африқо мебошад

Рӯзи 25 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1946 Англия истиқлолияти худро аз Иордания эълон кард.

Соли 1953 дар Хюстон  (штати Техас) аввалин шабакаи телевизионии омӯзишии ғайритиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Соли 1956 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС барои шахсони аз 16 то 18-сола, дар 1 рӯз 6 соати корӣ муқаррар шуд.

Соли 1962 дар шаҳри Киев (Украина) ҳафтаи адабиёти тоҷик оғоз гардид.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва-пойтахти Федератсияи Русия як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расиданд, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду кишвар замина гузоштанд.

День 24 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1993 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистону Чин нуқтаи назоратии Қулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Покистону Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 май

  • Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл.
  • Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта.
  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология.
  • Дар Германия — Рӯзи падар.
  • Дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон.
  • Рӯзи озодкунии Африқо.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Самариддин Асозода (1972)- журналист.

Акрам Асроров (1936) – физикдон, профессор.

Суннатулло Бобохоҷаев (1929 – 2004) – доктори илми геологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Абдуҳофиз Бобоҷонов (1953) – доктори илмҳои физикаю математика.

Олуболу Боқиев (1934 – 2001) – доктори илми таърих, профессор.

 Амалхонум Гачиева (1947)- мутарҷим (аз тоҷикӣ ба русӣ).

 Тоҳирҷон Қурбонов (1953)- доктори илми иқтисод, профессор.

 Имомиддин Раҳимӣ (1956) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Амон Раҷабов (1942) – шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Баҳодур Сабуров (1944 – 2001) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Александр Тихонович (1898-1977)- доктори илми тиб, профессор.

Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ (1949-2011) – шоир, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Файзулло Улмасов (1952) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳабибуллои Бекмуҳаммад (1948)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сафо Ҳалимӣ (1933)- нависанда.

Абдуҳамид Ҷалилов (1926) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хусрав Шанбезода (1956) – доктори илми филологӣ, профессор.

Сулаймон Эрматов (1946)- нависандаи узбекзабон.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон