Боец MMA Конор Макгрегор, архивное фото

Макгрегор ба пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммедов боварӣ дорад

597
(Таҷдидшуда 16:13 23.10.2019)
Размикори ирландӣ Конор Макрегор мегӯяд, Тонӣ Фергюсон бе муболиға варзишгари моҳир аст, аммо дар рақобати онҳо ба пирӯзии Ҳабиб бештар боварӣ дорад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Конор Макгрегор дар мавриди муҳорибаи эҳтимолии Тонӣ Ферюгос ва Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишгари доғистонӣ пешгӯӣ намуда, афзудааст, ки дар ин рақобат Ҳабиб дастболо мешавад.

Макгрегор аснои нишасти матбуотӣ дар шаҳри Киев, изҳор намудааст, ки пешгӯӣ кардани муҳорибаи ду варзишгари қавӣ мушкил аст. Аммо ӯ бештар ба ғолиб омадани Ҳабиб бовар дорад.

Падари Нурмуҳаммадов макони баргузории рақобати навбатии Ҳабибро гуфт

"Гарчанде Тонӣ варзишгари олӣ аст, ӯ агар афтад, дарав бархеста ба набард боз идома медиҳад ва хастагиро ҳеҷ гоҳ эҳсос намекунад. Аммо ман бар инам, ки ғалаба насиби Ҳабиб мешавад", - афзудаст Макгрегор.

Эҳтимол меравад, Фергюсон  рақиби навбатии қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехта Ҳабиб Нурмуҳамедов хоҳад шуд.

Қаблан худи Ҳабиб низ изҳор намуда буд, ки ба ҷузъ аз Тонӣ дигар рақиби сазовор барои худ намебинад.

Ин размикори номдор мегӯяд, ки намехоҳад вазнашро зиёд кунад. Ӯ қасд дорад дар ҳамин вазни худ қаҳрамони ҷаҳон бошад.

"Ман мехоҳам унвони худро дар ҳамин вазни сабук ҳимоя кунам ва беҳтарин варзишкор дар таърихи размикорони ҷаҳон шавам", - қайд кард Ҳабиб.

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад

Бояд гуфт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти варзишиаш 28 бор ба майдон баромада ва пирӯз шудааст.

597
Барчаспҳо:
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, пирӯзӣ, Макгрегор
Ноги и футбольный мяч

Футболи Ӯзбекистон 5 июн ба майдон бармегардад

9
Омодагӣ барои тамрину мусобиқаҳо бояд тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена сурат гирад.

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.

Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст.

Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.

Бошгоҳҳои футболи касбӣ бояд машқҳоро тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои карантиниро то 15 июн тамдид кард. Аммо аз 1 июн дар баъзе аз минтақаҳои санаторияҳо, клубҳои варзишӣ кушода, тӯйҳо ва ҷашнҳо иҷозат дода мешаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон сар аз оғози моҳи май дар минтақаҳое, ки шуъи коронавирус дар он паст шуд чораҳои қарантиниро сустар карданд.

Ҳамчунин, сар аз 15 май кори паркҳо, музейҳо ва варзишгоҳҳо дубора барқарор шуданд.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Аз 18 май робитаҳои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва минтақаҳои кишвар барқарор гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 6 миллион ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 357 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда ба 3 546 расид. 14 бемор фавтида, 2 783 нафар шифо ёфтанд.

9
Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шуд

1378
(Таҷдидшуда 17:59 29.05.2020)
Шабакаи машҳури телеграммавии "Незыгарь" пешниҳод намуд, ки қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадови 31-сола ба мансаби сарвари Ҷумҳурии Доғистон пешбарӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik.  Қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи Телеграммаи "Незыгарь" гуфта мешавад.

"Хусусиятҳои калидии роҳбари Доғистон дар марҳилаи кунунӣ риояи қарордодҳои ҷамъиятӣ ва қобилияти ҳокимияти шахсӣ барои таъмини риояи қоидаҳои ҷамъиятӣ, эҷоди субот дар минтақа дар ҳама соҳаҳо, муҳимтаринашон бо ҷавонон кор кардан аст. Аз ин нуқтаи назар ҷолиб мебуд,  ба номзадии Ҳабиб Нурмуҳаммадов диққат дод”, гуфта мешавад дар саҳифаи Telegram.

Гуфта мешавад, ӯ дар баробари Қаҳрамони UFC будан, мавқеи возеҳ, нуфузи эътирофшудаи минтақа ва берун аз он, сифатҳои роҳбарб, поквиҷдонӣ дар риояи қоидаҳо ва созишномаҳоро дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бо дарназардошти сатҳи шинохти Нурмуҳаммадов дар ҷаҳон, миқёси шунавандагонаш, сатҳи робитаҳо ва таҷриба дар муносибатҳо, мо ба хулоса омада метавонем, ки тарбияи чунин кадрҳои ҷавон дар системаи идоракунии давлатӣ дар оянда метавонад ба минтақа ва кишвар муфид бошад.

Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Ӯ яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Доғистон ба шумор рафта, вобаста ба масоили доғи рӯз фикрҳояшро баён мекунад. Аммо қаблан низ дар чандин суҳбатҳояш ишора карда буд, ки аз сиёсат дур аст.

Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони феълии UFC  буда, дар рейтинги расмии UFC дар байни беҳтарин паҳлавонон, новобаста аз категорияи вазн, ҷои дуюмро мегирад.

1378
Барчаспҳо:
Доғистон, Русия