Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Макгрегор ба Русия мекӯчад?: ӯ гуфт тамринро дар Маскав идома медиҳад

876
(Таҷдидшуда 17:34 24.10.2019)
Размикори ирландӣ Конор Макгрегор изҳор намудаст, ки бори дуввум ба Маскав омадаст ва ҳоло тасмим дорад дар ин ҷо замин харидорӣ кунад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Конор Макгрегор азм намудаст, дар Маскав ба идомаи тамрин машғул мешавад ва ҳамзамон аз пойтахти Русия замин харидорӣ мекунад.

"Ман забони русиро намедонам. Бисёр хушманд ҳастам, ки маротиба дуюм ба Русия омадам ва акнун ният дорам, ки бо ин кишвар аз наздик шинос шавам. Зимнан мехоҳам аз ин ҷо замин бихарам. Дар оянда мехоҳам дар Русия тамрин кунам. Маскав бисёр шаҳри зебо аст ва ман барои худ дар ин ҷо хона месозам",  - изҳор намудаст Макгрегор дар нишасти хабарӣ.

Ёдовар мешавем, ки размикори ирландӣ Конор Макгрегорро Ҳабиб Нурмуҳаммедов соли гузашта шикаст дод ва қаҳрамони UFC дар вазни сабук гардид.

Пас аз шикаст хӯрдан, Конор изҳор намуд, ки тарки варзиш мекунад ,вале бо гузашти чанде аз бозгашти худ ба ин намуди варзиш хабар дод.

Конор Макгрегор дар таҷовузи духтари 20-сола муттаҳам мешавад - расонаҳо

Зимнан, бояд гуфт, ки Макгрегор дар шаҳри Тошканд низ нишасти хабарӣ баргузор кард ва аз он ҷо озими шаҳри Маскав шуд.

Ба изҳори ин варзишгар, муҳорибаи навбатии ӯ 18 январи соли 2020 дар Лас-Вегас баргузор мешавад.

Гузашта аз ин,  Макгрегор ваъда дод, ки бо Ҳабиб ҳатман дар майдон вомехӯрад.

876
Барчаспҳо:
тамрин, Русия, Макгрегор

Тавсифи Трамп аз Нурмуҳаммадов: беҳтарин размикори ҷаҳон аст

1312
(Таҷдидшуда 08:50 17.09.2020)
Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

1312
Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом

Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

74
Даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд

 ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шоми  дирӯз  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд.

Дар баробари дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  ва "Хатлон"-и шаҳри  Бохтар дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. 

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  "Локомотив-Помир"  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд.

Баъди "рондан" аз "Ротор": футболбози шинохтаи тоҷик ба тими “Нижний Новгород” гузашт

Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.

74
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон