Дастаи футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё - 2020 роҳхат гирифт

© Официальный сайт ФФТДастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт
Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз бозии даври дуюми бозиҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё - 2020 роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби футзали кишвар пас аз шикаст додани тими Непал бо ҳисоби калон, дар бозии баъдӣ, рақибони навбатии худро низ мағлуб намуданд.

Сборная Таджикистана по футзалу проиграла Турции в первом товарищеском матче - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии бузурги мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Непал

Манбаъ меафзояд, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо тими Афғонистон бозӣ намуда, онҳоро бо ҳисоби 5:2 мағлуб карданд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон чор бозии дӯстона баргузор мекунад

Ҳамакнун шогирдони Деян Дедович пас аз ғолиб омадан бар тими Афғонистон, пешакӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Голҳоро аз дастаи футзали  Тоҷикистон,  Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Шавқат Ҳалимов дугол ба самар расониданд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Туркия 1:6 шикаст хӯрд

Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии сеюми худро фардо соати 14:30 бо дастаи Узбакистон доир мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0