Бой Муина Гафурова и Джона Линекера

Муин Ғафуров аз рақиби бразилии худ шикаст хурд

258
(Таҷдидшуда 20:47 25.10.2019)
Размикори муваффақи тоҷик Муин Ғафуров дар доираи қаҳрамонии "One Championship" аз ҳарифи худ шикаст хурд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ягона размикори тоҷики узви созмони UFC  Муин Ғафуров аз варзишгари бразилӣ Ҷон Линекер шикаст хурд.

Муин, ки дар мусобиқаи "One Championship", ки дар Индонезия ҷараён дорад, иштирок намуда бо размикори моҳири бразилӣ вориди рақобат шуд, аммо ба нокомӣ рӯбарӯ шуд.

Размикорон дар ду бахш муҳориба намуда, Ғафуров худро бисёр фаъол ва чолок нишон дод. Шояд ба хотири он ки малакаи варзишии ҳарифӣ ӯ бештар аст, аз ин рӯ шикаст хурд. Чун Линекера аллакай 40 муҳорибаро доир намудаст, вале Муин бошад ҳамагӣ 18 рақобат.

Варзишкор Муин Ғафуров қаҳрамони самбои размии ҷаҳон шуд

Ёдовар мешавем, ки Муин Ғафуров варзишгари тоҷик оид ба муҳорибаҳои омехта, чанде пеш бо созмони муҳорибавии UFC шартнома имзо намуд.

Муин аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро намоядагӣ мекунад.

258
Барчаспҳо:
шикаст хурд, Муин Ғафуров
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

186
Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Портали олмонии transfermarkt.de, ки маълумотҳоро оид ба гузариш ва нархномаи бозигарон нашр мекунад, маълумотро дар бораи арзиши бозигарон дар Лигаи олии Тоҷикистон нав кард. Тибқи нишондоди он, дар маҷмӯъ, айни ҳол, чемпионати Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаи 18 миллион евроро паси сар кунад.

Ҳар як рейтинги варзишӣ шартӣ аст, гуфт Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар солҳои  гузашта, то ҳол чунин ҳолате рух надодааст, ки як бозигар аз клуби футболи Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор евро ё 150 ҳазор евро гузариш карда бошад", - гуфт Салиев.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи бозигарони тоҷик асосан ба ҳайси агенти озод интиқол дода мешаванд.

"Асосан, футболбозони мо ба чемпионатҳои Индонезия, Бангладеш, Малайзия мераванд: дар он ҷо ба онҳо маоши хуб пешниҳод карда мешавад. Чӣ қадаре ки бозигарон таҷрибаи бозӣ дар клубҳои хориҷиро доранд, тими миллии Тоҷикистон қавитар хоҳад буд", қайд кард коршинос.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Сухангӯи ФТФ гуфт, ки мушкили асосӣ ин набудани агентҳо дар бозори футболи тоҷик аст, ки бозингаронро ба Аврупо бурда тавонад.

186
Экономический рост, архивное фото

Иқтисоддонҳо мегӯянд ММД Тоҷикистон дар соли оянд 7% рушд мекунад, агар...

0
Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон вазъеро номбар кард, ки афзоиши ММД-и кишварро дар соли 2021 беш аз 7% таъмин карда метавонад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021 ҳадди аққал 7% пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Авеста бо такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Ин ниҳод  иҷрои пешбинии хушбинонаро  танҳо бо иҷрои як шарт имконпазир медонад.

Ба гуфтаи вазорат, афзоиши ММД дар Тоҷикистон аз 7% хоҳад гузашт, танҳо агар мавҷи дуввуми коронавирус вуҷуд надошта бошад.

"Баъзе ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ пешгӯии хушбинона пешкаш мекунанд. Дар сурати мӯътадил шудани вазъ, афзоиши ММД-и ҷумҳурӣ то нишондиҳандаҳои оғози пандемия, яъне зиёда аз 7% таъмин карда мешавад", - гуфтааст вазорат.

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

Ҳамзамон, коршиносон бар он назаранд, ки ба ғайр аз вазъи пандемия, бояд ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, воридшавии сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва кори корхонаҳо низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завки Завкизода гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 афзоиши ММД 3,5% буд.

Вазорати молия: нақшаи буҷет иҷро нашуд

Ҳамзамон, тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2020 ММД-и Тоҷикистон то 2% коҳиш хоҳад ёфт ва дар соли 2021 афзоиши он ба 3,7% дар назар аст.

0