Молодежная сборная Таджикистана по футболу

Муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Камерун ғалаба карданд

247
(Таҷдидшуда 12:39 29.10.2019)
Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон оид ба футбол тими Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, сарднишини гуруҳи "Е" гардиданд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Имрӯз мунтахаби то 17 - солаи Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ тими Камерун дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дидор анҷом дода, бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард.

Голи ягонаи бозиро Шарифбек Раҳматов аз ҷаримаи 11-метра (пеналтӣ) ба нишон расонид.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дуои Рустами Эмомалиро гирифта, ба Бразилия рафтанд

Баъди ин ғалаба мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 3 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи "Е" гардиданд.

Дар зинаи дуюми ҷадвал, мунтахаби Испания, ки вохӯриро бо натиҷаи мусовии 0:0 бо Аргентина ба анҷом расонида буд, қарор гирифт. Аргентина ва Камерун занаҳои 3-юм ва 4-умро ба худ ихтисос доданд.

Омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷаҳон -2019: тамрини наврасони тоҷик дар бошгоҳи "Палмейрас"

Бозии даври дуюмро мунтахаби Тоҷикистон бо тими Испания санаи 1 ноябр соати 1:00 ба вақти Тоҷикистон доир менамояд.

247
Барчаспҳо:
пирӯз, Камерун, футбол, Тоҷикистон