Душанбинский Истиклол

"Истиқлол" барандаи медали тилло ва "Регар-Тадаз" соҳиби медали биринҷӣ гардид

58
(Таҷдидшуда 15:02 05.11.2019)
Бисту ҳаштумин Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт ва дастаи "Истиқлол" дорандаи медали тилло гардид

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, 28 - умин қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст гардид.

Манбаъ меафзояд, дар даври ниҳоӣ дастаи "Регар- Тадаз" бо "Хатлон" мусовӣ бозӣ карда, медали биринҷии қаҳрамонии имсоларо ба даст овард.

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания бо ҳисоби калони 5:1

Медалҳои тилло насиби дастаи "Истиқлол", медалҳои нуқра бошад, насиби дастаи "Хуҷанд" гардид.

Имсол низ ба мисли солҳои қаблӣ ҳамлагари дастаи "Истиқлол" Шериддин Бобоев беҳтарин нишонзан интихоб шуд. Ӯ ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯб ворид кардаст.

Муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Камерун ғалаба карданд

Дар даври ниҳоӣ, КМВА “Помир” бар “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2, “Истаравшан” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0, “Куктош” бар “Панҷшер” бо ҳисоби 5:3 ғалаба карданд.

58
Барчаспҳо:
футбол, Регар-ТадАз, Истиқлол