Бокс, архивное фото

Писари Бег Сабур медали тилло гирифт

502
(Таҷдидшуда 18:15 05.11.2019)
Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабуров дар мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс , медали тилло гирифт

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Новосибирскии Русия мусобиқаи кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба гирифтани медали тилло сазовор гардид.

Мусобиқаи мазкур ба хотири устоди варзиши иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов аз 29 октябр то 2 ноябо доир гардида буд.

Шарти Майк Тайсон барои баргаштан ба майдони муҳориба - навор

Гуфта мешавад, муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров дар вазни 91 кг бо нишон додани бартарии бештар нисбат ба рақибон медали тиллои мусобиқаро ба гардан овехт.

Қобили зикр аст, ки Сиёвуш барои ду маротиба дар ин мусобиқа иштирок ва ду дафъа зинаи дуюмро ишғол карда буд.

Муштзани тоҷик ҳарифони худ аз Эрону Қазоқистонро шикаст дода, қаҳрамони Осиё шуд

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур мебошад. Муштзани 25-сола акнун ба мусобиқаҳои байналмилалии Истампул омодагӣ мегирад.

502
Барчаспҳо:
тилло, медал, Бег Сабур, писар