Соревнование по самбо, архивное фото

Натиҷаи самбочиёни тоҷик дар рӯзи якуми Қаҳрамонии ҷаҳон

222
(Таҷдидшуда 19:54 08.11.2019)
Рӯзи якуми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо барои варзишгарони Тоҷикистон чандон натиҷабахш набуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Рақобатҳо дар доираи рӯзи якуми Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуданд.

Бар хабари сомонаи "Варзиш", сабқатҳо имрӯз дар вазнҳои 48, 60, 72 кг миёни бонувон 52, 68, 90 кг миёни мардон ва 57, 74, 100 кг дар самбои размӣ доир шуданд.

Дар вазни 57 кг дар самбои размӣ Тоҷикистонро Ҷамшед Умаров намояндагӣ кард. Ҷамшед дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм ӯ бо намояндаи Россия - Александр Нестеров вохӯрӣ карда, шикаст хӯрд.

Хуҷанд макони Қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо интихоб шуд

Дар вазни 68 кило дар самбои варзишӣ варзишгари тоҷик - Парвиз Додов ба майдон баромад. Ӯ низ рақобатро аз даври дуюм шуруъ карда, дар ин марҳила аз варзишгари рус - Михаил Воробев мағлуб гарлид.

Намояндаи дигари самбои тоҷик - Зафар Олимшоев дар вазни 90 кг ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар даври якум бар варзишгари кишвари Австрия - Вен Клинтон дастболо шуд. Дар даври дуюм бо Григор Сахакяни армениягӣ неру санҷида, ӯро низ мағлуб сохт. Рақиби навбатии Зафар самбочӣ аз Нидерландия - Мистрал Ҷенсен ба ҳисоб мерафт. Олмшоев тавонист, ки ин ҳарифашро низ сарафканда созад. Зафар дар даври чорум шикаст хурда, пасон рақобатро дар даври тасаллобахш идома дод. Дар даври   тасаллобахш низ Зафар дучори бохт шуда, зинаи панҷумро ишғол кард.

Кореяи Ҷанубӣ ба варзишкорони тоҷик раводид надод

Ёдовар мешавем, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо мунтахаби кишвар дар ҳайати 9 нафар таҳти роҳбарии сармурабӣ - Бозор Носиров ҳунарнамоӣ доранд.

222
Барчаспҳо:
натиҷа, самбо, қаҳрамонии ҷаҳон

Тавсифи Трамп аз Нурмуҳаммадов: беҳтарин размикори ҷаҳон аст

1266
(Таҷдидшуда 08:50 17.09.2020)
Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

1266
Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом

Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

74
Даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд

 ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шоми  дирӯз  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд.

Дар баробари дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  ва "Хатлон"-и шаҳри  Бохтар дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. 

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  "Локомотив-Помир"  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд.

Баъди "рондан" аз "Ротор": футболбози шинохтаи тоҷик ба тими “Нижний Новгород” гузашт

Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.

74
Портфели, архивное фото

Ёздаҳ мансаби холӣ дар Маҷлиси миллӣ: музд то 3336 сомонӣ

0
Вебгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон эълон намудааст, ки маҷлис барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар эълони вебгоҳ, ба Маҷлиси миллӣ 11 мутахассис - ёвари раиси Маҷлиси миллӣ, 2 сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, 2 Сармутахассиси шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ба кор даъват карда мешаванд.

Ҳамчунин мансабҳои  Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, армутахассис оид ба корҳои махсус ва кадрҳои шуъбаи умумӣ, Мутахассиси пешбари шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Мутахассиси пешбари шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ холӣ гуфта мешаванд.

Талабот барои хоҳишмандони ишғоли мансабҳои холӣ, маълумоти олӣ, 3 сол собиқаи кор дар хизмати давлатӣ, донистани Сарқонун, дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ ва ғайра гуфта мешавад.

Нашри ҳолномаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ: аз серфарзандию забондонӣ то хатми академияи хориҷӣ

Хоҳишмандон метавонанд ба нишонаи  kadr@majmilli.tj  ариза ба номи раиси Маҷлиси милллӣ,  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ, нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкӣ, нусхаи шиносномаашонро ирсол кунанд.

Маълумоти бештарро аз сомонаи Маҷлиси миллӣ гирифта метавонед.

0