Корти сурху хархаша дар бозии дӯстона: видеои сабқати тимҳои Тоҷикистону Малайзия

© акс аз сомонаи ФФТБозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Малайзия
Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Малайзия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022 дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон бо ҳамтоёни малайзиягӣ бозии дӯстона анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии мазкур 9 ноябр дар варзишгоҳи Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.

Голро ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон Муҳаммад Сафавӣ Расид дар дақиқаи 72-юми бозӣ ворид кард.

ФФТ зикр кардааст, ки ба далели корти сурхи Рустам Ятимов дастаи Тоҷикистон нимаи дуюми бозӣ 10 нафарӣ сабқатро идома дод. Дарвозабон Ятимов дар дақиқаи аввали нимаи дуюм барои бозӣ бо даст дар берун аз майдони ҷаримавӣ корти сурх гирифт.

Дар назар аст, ки 12 ноябр тими мунтахаби Тоҷикистон ба Мандалай парвоз кунад ва дар он ҷо рӯзи 14 ноябр бо тими Мянмор бозии марҳилаи интихобӣ барои Ҷоми ҷаҳон – 2022-ро анҷом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0