Хушкадам Хусравов. Архивное фото

Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон медали дигар барои Тоҷикистон овард

182
(Таҷдидшуда 14:34 10.11.2019)
Хушқадам Хусравов, самбочии тоҷик дар вазни 62 кило дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чемпионати ҷаҳон варзишгарони беш аз 70 давлат, аз ҷумла 9 варзишгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров иштирок доранд. Мусобиқа рӯзҳои 8 то 10 ноябр сурат мегирад.

Тайи ду рӯзи аввали қувваозмоиҳо танҳо Сорбон Латифов тавонист, дар вазни 62 кило соҳиби медали биринҷӣ шавад.

Латифов дар самбои размӣ ҳарифи якуми худ - Керон Боурнеро мағлуб намуда, ба даври дуюм роҳхат гирифт.

Дар ин марҳила Сорбон бо самбочии Узбакистон Баҳодур Боқиев неруозмоӣ карда, дастболо шуд. Рақиби навбатии Сорбон дар даври сеюм Лукас Борегалес буд, ки ин рақобат низ бо пирӯзии паҳлавони тоҷик анҷомид.

Дар даври чорум Латифов аз варзишгари туркман Каримбердӣ Давлатов бо ҳисоби 3:5 ноком гардид. Вале дар даври тасаллобахш бар рақибонаш пирӯз шуда, сазовори нишони биринҷии ин сабқати ҷаҳонӣ гардид.

182