Домод ва духтари Шавкат Мирзиёев бо фарзандонаш, акс аз бойгонӣ

Пеш аз сафари Ҳабиб: домоди Мирзиёев роҳбари Асостсиатсияи ММА интихоб шуд

359
(Таҷдидшуда 20:43 10.11.2019)
Дар Узбакистон барои нахустин бор Ассотсиатсияи ҳунарҳои размии омехта ташкил шуд, ки роҳбарии онро домоди раисиҷумҳур, Шавкат Мирзиёев ба уҳда гирифтааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Отабек Умаров, домоди Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, роҳбари Ассотсиатсияи ҳунарҳои размии омехтаи ин кишвар интихоб шуд, хабар дода шудааст дар саҳифаи ин созмон дар Instagram.

Таъкид шудааст, ки Умаров аллакай аз тамрини размикорон боздид карда, бо варзишкороне, ки дар мусобиқаи 20-уми GFC иштирок мекунанд, суҳбат доштааст. Ӯ ваъда додааст, ки барои беҳбуди вазъи варзиш ва ҷалби сарпарастон ба ин бахш чорандешиҳо хоҳанд шуд.

Аввали моҳи март Отабек Умаров роҳбари Федератсияи триатлони Узбакистон интихоб шуда шуд.

Таъинаш ба мақоми нав дар ҳолест, ки ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони ҷаҳон ва размикори шинохта гуфт, дар Тошканд Акедмияи худро ифтитоҳ мекунад, дар мусобиқаи GFC20  дар толори Humo Arena - и Тошканд иштирок мекунад. Ин мусобиқа 23 ноябри соли равон дар назар буда, муҳорибаи асосӣ вохӯрии бародарзодаи  Ҳабиб бо Никита Чистяков арзёбӣ мешавад.

359
Барчаспҳо:
Узбакистон, мусобиқа, ҳунарҳои размӣ
Душанбинский ФК Истиклол на тренировке в Ташкенте

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

74
(Таҷдидшуда 09:12 08.08.2020)
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста  баргашт

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев, ки тӯли як сол дар тими “Навбаҳор”-и  Ӯзбекистон бозӣ мекард,  дубора ба тим баргашӣ.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҷадиди бозигар бо қаҳрамони Тоҷикистон муддати як солро дар бар мегирад, аммо дар бораи маблағи гузариш иттилоъ дода нашудааст.

Амирбек Ҷурабоев қаблан се сол тули мавсимҳои 2016-2019 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамоӣ карда бо дастаи пойтахт чандин бор қаҳрамони кишвар, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Абарҷоми мамлакат гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев бо пероҳани рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ бозигари дигари даста Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст
Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

74
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

168
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

168
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

0
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон