Главный тренер национальной сборной Таджикистана Усмон Тошев

Бозингаронро дуруст интихоб накардам: Тошев омили аслии бохти тимашро шарҳ дод

587
(Таҷдидшуда 13:45 15.11.2019)
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев иқрор шудааст, ки дар интихоби бозингарон ба иштибоҳ роҳ дод ва аз ин рӯ футболбозони тоҷик дар рақобат бо тими Мянма натавонистанд пирӯз шаванд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Усмон Тошев сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон бохти тимашро дар бозӣ бо дастаи футболбозони Мянма шарҳ дода, омили пирӯз нашудани дастаашро, ба ҳайати сусти бозингарон рабт додааст, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, ки Тошев аз тарзи бозӣ намудани мунтахаби Тоҷикистон бо тими Мянма изҳори норизогӣ намуда, омили асосии бохти тимашро ба интихоби нодурусти ҳайати бозингарон арзёбӣ намудааст.

Ба гуфтаи Тошев мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо футболбозони Мянма ба иштибоҳҳои зиёд роҳ доданд ва ҳариф тавонист 4 тӯбро ба дарвозаи онҳо ворид кунад.

Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Аргентина: пахши мустақим

Ҳамин тариқ. дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон - 2020 дар гурӯҳи "F" дар сафар аз тими Мянма бо ҳисоби 3:4 шикаст хурд.

Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби Ҷопон дар Бишкек ба дарвозаи тими Қирғизистон 2 голи беҷавоб зад.

Пас аз натиҷагирии панҷ давр тими мунтахаби Ҷопон бо 12 хол дар садри ҷадвали гурӯҳи "F" мебошад. Ҷойҳои дуюму сеюмро мунтахабҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-холӣ ишғол мекунанд.

Дастаҳои Муғулистону Мянма  бо 3-холӣ дар ду ҷои охир қарор доранд.

Дар даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар сафар бо Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин дидор 19 ноябр дар шаҳри Бишкек соати 19:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

587
Барчаспҳо:
мунтахаби Тоҷикистон, иштибоҳ, сармураббӣ, футбол