Бозии мунтахаби Қатар ва Афғонистон дар Душанбе баргузор мешавад

156
(Таҷдидшуда 12:27 19.11.2019)
Мунтахаби Қатар ва Афғонистон бозии даври шашуми худро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Қаҳрамони феълии Осиё, тими мунтахаби Қатар барои баргузор кардани дидори даври шашуми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба Душанбе меоядхабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Ба иттилои манбаъ, дастаи яккачини футболи Афғонистон акнун боз як вохӯрии хонагиашро дар доираи ин мусобиқа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мекунад.

Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

Дар ин варзишгоҳ, ки қариб 22 000 ҷойи нишаст дорад, Афғонистон 19-уми ноябр бо Қатар бозӣ мекунад. Қаблан футболбозони Афғонистон 10-ми сентябр бозии аввали хонагиашро бо Бангладеш (1:0) дар Душанбе баргузор карда буд.

Ҳоло мунтахаби Афғонистон дар гурӯҳи "Е" бо 4 хол баъд аз Қатар ва Уммон зинаи сеюмро касб мекунад.

156
Барчаспҳо:
Душанбе, Варзишгоҳ, Афғонистон, Қатар, мунтахаб, футбол

ВАО: Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" сабаби марги 41 нафар аз коронавирус гашт

345
Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” боиси марги камаш 41 нафар аз коронавирус дар Бритониё гардид, хабар медиҳад The ​​Sunday Times

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нашрия қайд мекунад, ки омор ба ширкати Edge Health дар асоси маълумоти Хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) асос ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.

Манбаъ мегӯяд,  шумораи фавтидагон тавассути додаҳо пас аз омадани мухлисони испанӣ ба Англия ва муқоисаи шумораи фавт дар дигар минтақаҳои кишвар ба даст оварда шудааст.

Бар пояи иттилооти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.

Бозии “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

345

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

666
(Таҷдидшуда 11:40 23.05.2020)
Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд.

Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм бошад Тайсон гӯши Холифилдро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард.

 Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

Қаблан Холифил баъди эълони бозгашташ ба саҳнаи бокс, гуфта буд, ки омодааст  бо Тайсон як маротибаи дигар биҷангад.

"Омодаам инро кунам. Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем",-гуфтааст Холифилд.

666
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, рақобат, майдон, бокс, Майк Тайсон, Ҷаҳон
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 19:32 25.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон