Илёсиддин Тешаев, варзишкори тоҷик (аз рост) дар мусобиқаи панкратион дар Италия

Панкратион: варзишкори тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

269
(Таҷдидшуда 12:04 18.11.2019)
Илёсиддин Тешаеви 17-сола, зодаи шаҳри Исфара, дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион дар Италия пирӯз омад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ин мусобиқот рӯзҳои 15 - 17 ноябр дар шаҳри Рим баргузор шуданд ва варзишкори тоҷик дар вазни 65 кило бар се ҳарифаш пирӯз омада, унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард,  хабар дод Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ва ҳам амаки Илёсиддин Тешаев.

Илёсиддин Тешаев 10 майи соли 2002 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба дунё омада, аз соли 2015 ба ин сӯ дар шаҳри Липетски Русия бо аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад ва ҳоло хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №38-и он шаҳр аст.

Ӯ аз синни 7 то 13 солагӣ дар толори варзишии “Корхонаи кимиёвӣ” - и шаҳри Исфара бо куштии тарзи озод ва аз соли 2015 то ба ҳол дар маҷмааи варзишии “Динамо”, мактаби варзишии ҳунарҳои размии Игор Воротинтсев дар Липетск бо муҳорибаи тан ба тан, намуди панкратион машқу тамрин кардааст.

Ҳамчунин аз Алихон Умаров, чемпиони Русия дар намуди карате ин навъи варзишро низ омӯхта, дар вилояти Липетск ҷойгоҳи худро ёфтааст.

Мураббӣ аз Помир: чӣ гуна Мабат Одинаев ҷавонони русро машқ медиҳад

Дар корномаи варзишии ӯ сафҳаҳои дурахшон зиёданд. Минҷумла ӯ соли 2016 дар мусобиқоти муҳорибаи тан ба тан дар шаҳри Липетск бо дасти шикаста дар финал ҳарифашро мағлуб карда, ҳам соҳиби медали тилло ва ҳам ҷоизаи махсуси “Барои ҷасорат” - ро соҳиб шуд.

Аз соли 2016 то кунун борҳо дар мусобиқоти гуногуни муҳорибаи тан ба тан ва панкратион дар Ҳавзаи Марказии Федеролӣ, вилоятҳои Липетск, Воронеж ва Тамбов унвони қаҳрамониро гирифтааст. Моҳи сентябри соли равон мусобиқоти Ҷоми Русия аз рӯи панкратион мақоми авввал ва унвони номзад ба устодии варзишро соҳиб шуд ва узвияти дастаи мунтахаби Русияро ба даст овард.

269