Тими "Душанбе" дар садри сабқати Лигаи баскетболи Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевСпортзал в лицее №3 в городе Душанбе
Спортзал в лицее №3 в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар пайи ҷамъбасти 6 даври Лигаи баскетболи кишвар дастаи “Душанбе” ба ҷои аввал баромад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, бозиҳои Лигаи баскетболи Тоҷикистон миёни 8 бошгоҳ дар шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбе ҷараён доранд.

Саъдӣ Исмоилов мухлиси тими Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Марди хастанопазир: сипосгузории афғонҳо аз Саъдӣ Исмоилов

“Баскетболбозони клуби “Душанбе” 5 бозӣ анҷом дода, соҳиби 10 хол гардидаанд. Клуби баскетболи “Фойтун” бо 9 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. “Diesel Power” ва “Зуҳро” бо 8-холӣ дар ҷойҳои сеюми чоруми ҷадвал мавқеъ доранд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, бозиҳои даври ҳафтум 24 ноябр доир мегарданд. Дар даври навбаттӣ “Легендҳо” бо “DIS”, “Душанбе” бо “Беркут”, “Фойтун” бо “Зуҳро” ва “Diesel Power” бо “33” вомехӯранд.

Пештар Кумитаи миллии олимпӣ хабар дода буд, ки баъд аз танаффуси панҷсола бозиҳои бошгоҳҳои баскетболи Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Мусобиқа ин бор дар доираи Лигаи баскетболи Тоҷикистон сурат мегирад.

“То 5 соли пеш баскетболбозони кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ширкат мекарданд. Имсол бори аввал Лигаи баскетболи Тоҷикистон таъсис ёфт”, - хабар дод Кумитаи олимпӣ.

Лентаи хабарҳо
0