Тими футболбозони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бонувони футболбози Тоҷикистон бо тими Эрон зӯрозмоӣ мекунанд

42
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 22 ноябр дар кишвар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, чемпионати мазкур миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола баргузор мегардад.

“Дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд”,-омадааст дар иттилоияи Кумита.

Манбаъ афзуд, ҳамагӣ дар доираи Чемпионати АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.

Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр муқобили Эрон доир мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз мегардад.

Имрӯз инчунин сабқати бонувони Узбакистон – Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва тимҳои Афғонистон – Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 14:00 дар назар аст.

42