Умар Нурмуҳаммадов қабл аз муҳориба дар шаҳри Тошканд

Шикасти размикори тоҷик дар 1 дақиқа ва пирӯзии Нурмуҳаммадов дар Тошканд-видео

1912
(Таҷдидшуда 16:16 24.11.2019)
Дар доираи мусобиқаи GFC-20, ки 23 ноябр дар Тошканд баргузор шуд, Имоммаҳдӣ Қаюмов, размикори тоҷик бо Рустам Дебишев, аз бошгоҳи “Аҳмад”-и Чеченистон вориди майдон шуд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Қаюмови 20-сола аз бошгоҳи “Tajfighters” дар даври якум шикаст хӯрд. Ин дуюмин рақобати размикори тоҷик дар майдони касбӣ ва нахустин шикасташ буд.

Дар муҳорибаи асосии GFC 20 дар Тошканд, Умар Нурмуҳаммадов бо размикори аргентинӣ, Брайан Гонсалес вориди рақобат шуд. Нурмуҳаммадов дар даври якум бо истифода аз усули буғикунанда рақибашро шикаст дод.

Дар ин сабқат Умарро бародараш Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук роҳнамоӣ мекард ва баъди пирӯзӣ шодбош гуфт.

1912