Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором

Рақиби навбатии Нурмуҳаммедов дар сурати пирӯзӣ бар Фергюсон маълум шуд

778
Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар сурати мағлуб намудани Тонӣ Фергюсон бо рамзикори дигари амрикоӣ Ҷастин Гейҷ рақобат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Менеҷери қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов Алӣ Абдул - Азиз рақиби навбатии ӯро ошкорд кард. Ба гуфтаи ӯ? Ҳабиб дар сурати шикаст додани Тонӣ бо размикори амрикоӣ Ҷастин Гейҷ вориди майдони муҳориба мешавад.

Абдул - Азиз дар сафҳаи Twitter иброз намудаст, ки дар сурати анҷоми бомуваффақияти муҳорибаи дарпешистода, рақобати навбатии Ҳабиб бояд бо размикори амрикоӣ Ҷастин Гейҷӣ баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Алӣ абдул - Азиз замон ва макони муҳорибаи Ҳабиб ва Тониро муайян намуда, гуфт рақобати онҳо рӯзи 18 - апрели соли 2020 дар шаҳри Ню - Йорк баргузор мешавад.

Шикасти размикори тоҷик дар 1 дақиқа ва пирӯзии Нурмуҳаммадов дар Тошканд-видео

Абдул - Азиз нусхаи созишнома бо имзои Ҳабибро дар сафҳаи худ бознашр намудаст.

"Рафтем. Санади рақобати ду размикор Ҳабиб ва Тонӣ ба имзо расид. Қаҳрамон ин санаро бисёр интизор буд ва акнун ба мақсади худ  расид. Уқоб бори дигар дар Бруклин ба хотири ҳаводорони худ фуруд меояд", - навиштааст ӯ.

Зимнан, раҳбари UFC Дана Уайт хабар додаст, ки муҳорибаи деринтизор дар толори Barclays Center  дар шаҳри  Ню-Йорке баргузор мегардад.

778
Барчаспҳо:
муҳориба, рақиб, Ҳабиб Нурмуҳаммадов