Аҳлиддин Турдиев бо тимаш қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд

109
Дастаи Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев қаҳрамони Тоҷикистон миёни ҷавонон гардид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва ҷоизадорони Лигаи футболи ҷавонони кишвар (U-18) баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев чемпиони Тоҷикистон миёни ҷавонон гардид.

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август муайян шуданд

Медалҳои нуқраро дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар, медалҳои биринҷиро бошад, дастаи "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор ба даст оварданд

Дар маросими супоридани ҷоизаҳо ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, Алишер Урунов, котиби генералии федератсия Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков ва узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов ширкат намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиаллоҳ Назарзода (“Хатлон”), Шерзод Дадабоев (“Барқчӣ”) ва Партулло Хуршедзода (“Орзу-2026”) беҳтарин бозингарон меёни ҷавонон эътироф шуданд.

 

Вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо ҷавонону варзишкорон

Унвони беҳтарин мураббии солро ба Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ) лоиқ донистанд. Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Академияи ФФТ) беҳтарин нишонзан (22 гол), Алиҷон Айнӣ (Академияи ФФТ) беҳтарин футболбози чемпионат эълон шуданд.

109
Барчаспҳо:
қаҳрамон, футбол, Тоҷикистон