Рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон маълум гардид

113
(Таҷдидшуда 20:15 29.11.2019)
Мунтахаби олимпии Тоҷикистондар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Чин баргузор мешавад бо мунтахаби футболбозони Сурия, Малӣ ва Чин рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби синни 22 - солаҳои Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии "CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019"  иштирок мекунад.

Бар хабари Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа 8-14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.

Се пирӯзӣ ва 9 хол: тими Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт

Гуфта мешавад, тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин рӯзи 8 - уми декабр, Малӣ  рӯзи 11 - уми декабр ва Сурия рӯзи - 14 декабр вомехӯрад.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

113
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, мунтахаб, футбол
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

186
Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Портали олмонии transfermarkt.de, ки маълумотҳоро оид ба гузариш ва нархномаи бозигарон нашр мекунад, маълумотро дар бораи арзиши бозигарон дар Лигаи олии Тоҷикистон нав кард. Тибқи нишондоди он, дар маҷмӯъ, айни ҳол, чемпионати Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаи 18 миллион евроро паси сар кунад.

Ҳар як рейтинги варзишӣ шартӣ аст, гуфт Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар солҳои  гузашта, то ҳол чунин ҳолате рух надодааст, ки як бозигар аз клуби футболи Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор евро ё 150 ҳазор евро гузариш карда бошад", - гуфт Салиев.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи бозигарони тоҷик асосан ба ҳайси агенти озод интиқол дода мешаванд.

"Асосан, футболбозони мо ба чемпионатҳои Индонезия, Бангладеш, Малайзия мераванд: дар он ҷо ба онҳо маоши хуб пешниҳод карда мешавад. Чӣ қадаре ки бозигарон таҷрибаи бозӣ дар клубҳои хориҷиро доранд, тими миллии Тоҷикистон қавитар хоҳад буд", қайд кард коршинос.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Сухангӯи ФТФ гуфт, ки мушкили асосӣ ин набудани агентҳо дар бозори футболи тоҷик аст, ки бозингаронро ба Аврупо бурда тавонад.

186
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

0
Гузориши Департаменти Давлатӣ дар бораи "таблиғи русӣ" бо ҳадафи пешниҳоди Маскав дар бораи барқарор кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида пешбинӣ шудааст, гуфт сафорати Русия дар Вашингтон

Қаблан Маркази ҷалби глобалии Департаменти Давлатӣ гузоришеро дар бораи "сутунҳои маълумоти бардурӯғи Русия" интишор кард, ки мафҳуми "таблиғи русиро" ба низом овард. Ин таъриф, аз ҷумла, аз ҷониби васоити ахбори оммаи Русия бо маблағгузории давлатӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар сарлавҳаҳои Sputnik, РИА Новости, RT, Первий канал, Россия 24 ва ғайра намунаҳои пароканда оварда шудаанд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ба расонаҳои Русия ва дигар кишварҳо ҳушдор додаанд, ки матлабҳои таблиҳотии онҳо алайҳи ИМА ҷиддан тафтиш мешаванд ва ҳамчунин манбаҳои паҳнкунандаи он дар шабакаҳои иҷтимоиро амрико бидуни дудилагӣ мебандад.

Дар сафорат изҳор доштанд, ки ба Департаменти давлатӣ "мавҷудияти манбаҳои алтернативии иттилоотӣ" писанд нест ва барои ошкору бартараф кардани онҳо захираҳои ҷиддӣ равона карда шудааст.

Дилхоҳ овозе, ки бар муқобили Вашингтон аст, он ҳамчун хизмат ба Кремл ва хадамоти Русия пиндошта мешавад, таъкид намуданд дипломатҳои амрико дар сафҳаи Фейсбук.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Сафорат намунаҳои изҳороти бемаънии ин гузоришро ифшо намудаст. Аз ҷумла "дар иртиботи расмии ҳукумат" Вазорати умури хориҷии ИМА раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ва радиои хусусии "Говорит Москва" сабти ном кардааст.
Зимнан, Департаменти Амрико барои ифшои маълумоти бардурӯғ дар соли 2021 ҳудуди 138 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия борҳо тамоми иттиҳомоти Амрико дар робита ба он, ки Русия маълумоти бардурӯғро мунташир мекунад, рад намуда буд.

Трамп Меркелро ҷазо медиҳад: Олмонро пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст -навор

Дар Амрико  агентии  давлатӣ оид ба пахши хориҷӣ аз қабили Садои Амрико ва радиои Озодӣ вуҷуд дорад, ки Вазорати адлияи Русия онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар расонаҳои хабарӣ ба рӯйхати агентҳои хориҷӣ шомил кард.

Ин созмон, ки аз соли 1994 Шӯрои Идораи Телерадиошунавонӣ (BBG) ном дошт, соли 2018 Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба Глобалии Медиа (USAGM) номгузорӣ шуд. Дар доираи он, барномаҳои телевизионӣ таҳия карда мешаванд, аммо тақрибан танҳо барои пахши интернет. Агентӣ пурра аз буҷаи ИМА маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2017 хароҷоти он 748 миллион долларро ташкил додааст.

0
Барчаспҳо:
таблиғ, Амрико, Русия, сафорат