Рақибони мунтахаби Русия дар чемпионати Аврупо-2020 оид ба футбол маълум шуд

200
(Таҷдидшуда 16:08 01.12.2019)
Маълум шуд, ки мунтахаби футболи Русия дар чемпионати Аврупо – 2020 оид ба футбол бо кадом кишварҳо рақобат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар шаҳри Бухарест маросими қуръакашӣ ба даври финалии Чемпионати Аврупо дар соли 2020 баргузор шуд.

Мунтахаби Русия дар Чемпионати Аврупо оид ба футбол шомили гурӯҳи "В" шуд.

Зимни қуъакашӣ маълум шуд, ки Русия бо мунтахабҳои Белгия, Финландия ва Дания рақобат хоҳад кард.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда аввалин бозии дастаи мунтахаби Русия 13 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад. Дар майдон дастаи Русия дар аввалин бозиаш бо мунтахаби Белгия рақобат хоҳад кард.

Бозии дуюми Русия низ 17 июн дар шаҳри Санкт-Петербург бо дастаи Финландия  баргузор мегардад.   

Аммо бозӣ бо дастаи Дания рӯзи 22 июн дар шаҳри Копенгаген сурат хоҳад гирифт.

Ёдорас мешавем, ки Чемптионати Аврупо оид ба футбол дар соли 2020 аз 12 июн то 12 июл идома хоҳад ёфт. Дар ин чемпионат 24 мунтахаби аврупоӣ иштирок хоҳад кард.

Финал Чемпионати Аврупо 2020 дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и шаҳри Лондон баргузор хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир, чемпиони Аврупо оид ба Футбол мунтахаби Португалия мебошад.

200
Барчаспҳо:
рақобат, Футбол, мунтахаб, Русия, даста
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

57
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

57
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон

Пеш аз муҳориба: бародари Ҳабиб Нурмуҳаммадов фавран дар беморхона бистарӣ шуд

562
(Таҷдидшуда 00:30 19.10.2020)
Умар Нурмуҳаммадовро бо нишонаҳои зуком, таб ва қайкунӣ фавран дар яке аз беморхонаҳои Дубай бистарӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бародари размикори доғистонӣ ва қаҳрамони варзиши сабуки UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори муҳорибаи омехта Умар Нурмуҳаммадов ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи Дубай бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Умарро бо нишонаҳои зуком ба беморхона интиқол додаанд.

"Умар Нурмуҳаммадов дарӣ як беморхонаи Дубай бо зукоми шадид, таб ва қайкун бистарӣ шуд",- гуфааст тими размикор.

Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов, бародараш чанд рӯз пеш бемор шудааст. Табибон ба варзишгар сирояти стафилококк ташхис доданд.

“Субҳи имрӯз, пеш аз парвоз ба Абу-Даби, ӯ худро бадтар ҳис кард ва дар беморхонаи Дубай бистарӣ шуд. Саломат бош бародарам, ин маънои онро дорад, ки тақдир чунин будааст",- навиштааст, Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Бо сабаби беморӣ, муборизаи Умар Нурмагомедов бо як муборизи қазоқистон Сергей Морозов дар доираи мусобиқаи UFC 254 лағв шуд.

562
Памир, архивное фото

Мардуми Ишкошимро аз хатари нашъамандӣ огоҳ карданд

0
Дар доираи ҳамоиши муштарак, ҳамчунин даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти шиори "Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем" ҳамоиши муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии "Корвони зиддимухаддиротӣ-2020" оғоз гардид.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", ҳамоиши мазкур бо риояи қоидаҳои пешгирӣ аз хатари бемории сироятии коронавирус аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамоиши муштарак раиси ноҳияи Ишкошим Мӯсо Мирзозода, сардори шуъбаи пешгирии нашъмандиии Агентии назорати маводи нашъаовар  полковник Бозоралӣ Сафарализода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти ноҳияи Ишкошим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ширкат кардаанд.

Гуфта шудааст, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои  маълумоти бештар пайдо кардани насли наврасу ҷавон оид ба хатари нашъамандӣ, тарғиби интихоби дурусти ҳаёт тавассути варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат мекунанд.

Дар доираи ҳамоиши муштарак даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ аз номи роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба ғолибон Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамоиши  муштараки "Корвони зиддимухаддиротӣ-2020" фарогири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ: Ишкошим, Хоруғ, Дарвоз, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Душанбе буда, баргузории он дар дар ин шаҳру ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.

0
Барчаспҳо:
мавзуи нашъамандӣ, Ишкошим, ВМКБ