Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар дастаи Сурия

Ба Қаҳрамонии Осиё -2020 Тоҷикистон ва 10 кишвари дигар роҳхат гирифтанд

468
Ба Қаҳрамонии Осиё - 2020 ба ҷузъ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳамчунин ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Мусобиқаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон дар гурӯҳи "А" анҷом ёфт ва ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи финалӣ, ки 14-31 октябри соли оянда дар Узбакистон доир мегардад, маълум шуданд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои сарчашма, дар баробари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар гурӯҳи "С"-и марҳилаи интихобӣ ҷои аввалро сазовор гардид, ба марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд.

Инҳо тими Ироқ  дар гурӯҳи "А", Қатар (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “F”), Малайзия (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”) ва Индонезия (гурӯҳи “K”) мебошанд.

Бозингаронро дуруст интихоб накардам: Тошев омили аслии бохти тимашро шарҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, 4 дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар дар марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 иштирок мекунанд: Лаос (гурӯҳи “Н”), Ветнам (гурӯҳи “J”), Яман (гурӯҳи “В”) ва Камбоҷа (гурӯҳи “G”).

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "С" 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаҳои Малдив (9:0), Лубнон (1:0), Сурия (1:0) пирӯз шуданд.

468
Барчаспҳо:
футбол, Тоҷикистон, қаҳрамонии Осиё
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

186
Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Портали олмонии transfermarkt.de, ки маълумотҳоро оид ба гузариш ва нархномаи бозигарон нашр мекунад, маълумотро дар бораи арзиши бозигарон дар Лигаи олии Тоҷикистон нав кард. Тибқи нишондоди он, дар маҷмӯъ, айни ҳол, чемпионати Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаи 18 миллион евроро паси сар кунад.

Ҳар як рейтинги варзишӣ шартӣ аст, гуфт Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар солҳои  гузашта, то ҳол чунин ҳолате рух надодааст, ки як бозигар аз клуби футболи Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор евро ё 150 ҳазор евро гузариш карда бошад", - гуфт Салиев.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи бозигарони тоҷик асосан ба ҳайси агенти озод интиқол дода мешаванд.

"Асосан, футболбозони мо ба чемпионатҳои Индонезия, Бангладеш, Малайзия мераванд: дар он ҷо ба онҳо маоши хуб пешниҳод карда мешавад. Чӣ қадаре ки бозигарон таҷрибаи бозӣ дар клубҳои хориҷиро доранд, тими миллии Тоҷикистон қавитар хоҳад буд", қайд кард коршинос.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Сухангӯи ФТФ гуфт, ки мушкили асосӣ ин набудани агентҳо дар бозори футболи тоҷик аст, ки бозингаронро ба Аврупо бурда тавонад.

186
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 24 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори додараш муттаҳам мешавад

 

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, бо гумони бародаркушӣ  Бобоҷонов Меҳровари 24 сола боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, куштор дар заминаи муноқишаи лафзӣ ва якдигарнофаҳмӣ санаи 15 июл тақрибан соати 15:20 ба вуҷуд омадааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз Бобоҷонов Меҳровар бо бародараш Бобоҷонов Бахтовари 18 сола муноқиша намуда додарашро зери латукӯб қарор додааст.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Гуфта мешавад,Марҳум Бобоҷонов Бахтовар ҳамчун чораи муҳофизатӣ бо корди ошхонагӣ ба бародарааш ҳамла мекунад, аммо гумонбаршуда корди ӯро аз дасташ гирифта, як маротиба ба қафаси синааш зарба мезанад.

Дар натиҷаи зарби корди бародар бинобар сабаби рафтани хуни зиёд додар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, афзудааст манбаъ.

Вазорат шарҳ надодааст, ки чи омил боиси якдигарнофаҳми ва ҳатто куштор гаштааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашии бародар ба бародар набуда, даҳ рӯз пеш кормандони пулиси шаҳри Конибодом 

як сокини 40-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии додараш боздошт карданд.

Ҳамзамон ин ниҳод, қабл аз ин  як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

 

 

0