Шогирдони Миҷгона Шарифова аз Узбакистон бо 5 медали тилло баргаштанд

Обуна шудан
Медалҳои тиллоро Азизова Иделия миёни, Чиниева Согдиана, Солеҳова Самира,, Нурматова Жасмина ва Стрелникова Елизавета ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар шаҳри Тирмизи Узбакистон 29 - 30 ноябри соли равон мусобиқаи кушод оид ба гимнастикаи бадеӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Юная шахматистка из Таджикистана завоевала золото в World Junior Compatriot Games - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳмотбози навраси тоҷик Сабрина Абророва дар Русия соҳиби медали тилло гашт

Бар хабари манбаъ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 6 варзишгар муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, шогирдони Миҷгона Шарифова сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи Тоҷикистон дар мусобиқаи кушод маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани 6 медали тилло ва як нуқра сазовор гардиданд.

Гимнастбозони навраси тоҷик дар шаҳри Тошканд сазовори 5 медал шуданд

Медалҳои тиллоро Азизова Иделия, Чиниева Согдиана, Солеҳова Самира, Нурматова Жасмина, Стрелникова Елизавета ва медали нуқраро Паллаева Ясмина  ба даст оварданд.

Манбаъ меафзояд, дар мусобиқа 189 варзишгари давлатҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат намуданд.

Лентаи хабарҳо
0