Неймар после окончания матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Сербии и Бразилии

Неймар "Барселона"-ро ба додгоҳ мекашад

156
Сафдари бразилии бошгоҳи "ПСЖ" Неймар нисбати “Барселона” барои пардохт накардани маблағи шартномаи тарафайн ба додгоҳ шикоят бурдааст.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. "Нилунориҳо" ба собиқ футболбозашон тибқи қарордод бояд як миқдори муайян мабалғ ҳамчун мукофот пардохт мекардаанд, аммо ба иқрори Неймар ин маблағро ба даст наовардааст, менависад ТВ "Варзиш".

Дар чор соле, ки футболбоз пироҳани "Барселона"-ро ба тан дошт, маблағи имтиёзии ӯ ба 3,5 млн евро расидааст.

Неймар мухлисро мушт зад: пас аз шикаст аз тими "Ренн"-видео

Аммо даста ин миқдор маблағро ба футболбоз пардохт накардааст. Ҳамлавари "ПСЖ" мақсад дорад, ки ҳақ ба ҳақдор расад.

Ин мушкилот қаблан низ миёни футболбозу роҳбарияти клуб сар зада буд, аммо ҷониби “Барселона” ба Неймар ваъда дода буд, ки дар сурати боз паст гирифтани аризаи шикоятии худ, метавонанд тобистони соли ҷорӣ ӯро аз "ПСЖ" харидорӣ намоянд.

Мухлисон Неймарро шишашапак карданд 

Баъди ба ваъда вафо накардан ҳамлагар ҳамкнун болои ин як аризаи навбатӣ барои пардохти боз 100 ҳазор еврои дигар болои тими собиқаш ба суд шикоят бурдааст.

156
Барчаспҳо:
додгоҳ, "Барселона", Неймар

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

254
(Таҷдидшуда 19:53 02.06.2020)
Зепп Блаттер, собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ӯ бо фишори Амрико мақомашро тарк карда буд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Собиқ раҳбари  ФИФА ин нуктаро дар як мусоҳмбаи ахираш бо сомонаи  хабарии шветсарии Keystone-SDA изҳор доштаст.

Ба гуфти ӯ лаҳазоте, ки гуфтумонҳо дар бораи барканорияш аз симмати ФИФА мерафт, аз ИМА ба вай паём расид, ки бояд аз мақомаш биравад.

"Онҳо гуфтанд: "Раҳбар бояд равад!". Ман мандати худро аз даст додам ва ногаҳон системаи адлияи Амрико баррасии ФИФА-ро як созмони мафиозӣ хонд ва онро ба категорияи ҷабрдидагон супурд", - гуфт Зепп Блаттери 84-сола.

Ёдовар мешавем, Зепп Блаттер соли 2015 пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб намоянд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешуд, ки пештар 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуда буд.

Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 тули 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.

 

254
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

1081
(Таҷдидшуда 13:01 02.06.2020)
Конор Макгрегори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 2  июн — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфтааст, ки қаҳрамони собиқи ду вазн Конор Макгрегор бори дигар шонси ба даст овардани унвон дорад, хабар медиҳад ESPN.

Уайт гуфт, варзишкори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни қаҳрамони UFC  Ҳабиб Нурмуҳаммадо ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад.

“Ман интизори набарди Гэтҷи ва Ҳабиб ҳастам. Мехоҳам бинам, ки он чӣ гуна ба поён мерасад. Пас аз он мунтазири муҳорибаи Конор бо ғолиби ин зӯрозмоӣ хоҳам буд",-гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, агар Нурмуҳаммадов  Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кунад, ӯ боз дубора бо Конор вориди майдон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018, варзишгарон дар Лас Вегас миёни ҳам зӯрозмоӣ доштанд. Дар ин набард Ҳабиб дар даври чорум конорро бо усули буғи кардан, шикаст дода буд.

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Пас аз шикаст, Конор такроран ба Нурмуҳаммадов таклифи рақобати ҷавобӣ ва ё реванш кард, аммо размикори доғистонӣ инро рад карда гуфт, ки варзишкори ирландӣ барои ӯ рақиби қавӣ нест.

1081
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, майдон, ғолиб, зӯрозмоии размикорон, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном

ВУХ: 237 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргаштанд

38
(Таҷдидшуда 10:46 03.06.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и миёни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  ба мақомоти Ӯзбекистон барои мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.

Ҳамзамон Вазорати умури хориҷа ба мақомоти Қазоқистон барои таъмини шароит барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён кардааст.

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бо парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кнафар, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

38
Барчаспҳо:
марз, Ватан, баргардонӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, сарҳад, Тоҷикистон