ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2019-ро эълон кард

© ФФТ ТаджикистанаАлишер Джалилов
Алишер Джалилов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои футболи кишвар дар соли 2019 эълон кард ва нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар Алишер Ҷалиловро беҳтарин бозингари сол донист

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, беҳтаринҳо, ҳамчунин дар бахшҳои лигаи наврасон, лигаи бонувон, лигаи ҷавонон, лигаи якум ва олӣ, миёни собиқадорон ва ғайра муайян шуданд.

Заседания Олимпийского комитета по увеличению число футбольных команд - Sputnik Тоҷикистон
Шумори дастаҳои футбол дар Лигаи олии Тоҷикистон зиёд карда мешавад

Миёни лигаи наврасон “U-15”, беҳтарин бозингар – Далер Маҳатов ва беҳтарин мураббӣ – Ҷомихон Муҳиддинов, ки ҳарду аз Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд мебошанд, эълон гардиданд.

Дар лигаи наврасон, “U-17” беҳтарин бозингар – Амирҷони Фаррухзод ва беҳтарин мураббӣ – Ҷавҳаршоҳ Шоҳғиёсов аз тими “Равшан” дониста шуданд.

Дар U-18, беҳтарин бозингар – Алиҷони Айнӣ ва беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев аз Академияи футболи ФФТ эълон шуданд.

Дар лигаи аввал беҳтарин мураббӣ – Зайниддин Раҳимов  - “Локомотив-Помир” ва беҳтарин бозингар – Тоҳир Маладӯстов – “Барқчӣ”, дар ҳайати Лигаи олӣ беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»), беҳтарин ҳимоятгар – Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), беҳтарин нимҳимоятгар – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), беҳтарин ҳамлагар – Шериддин Бобоев («Истиқлол»), беҳтарин довар – Насрулло Кабиров (Норак), беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Хуҷанд») ва беҳтарин бозингари сол – Алишер Ҷалилов («Истиқлол») арзёбӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0