Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков

Кумитаи ҷавонон санаи супоридани ҷоизаи Президентӣ ба варзишкоронро эълон кард

155
(Таҷдидшуда 12:58 23.12.2019)
Дар пойтахти Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаи Президентӣ ба беҳтарин варзишкору мураббӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Рӯзи 24 декабри соли равон  дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон  баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими мазкур ба варзишгарони беҳтарини соли 2019 Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон тақдим карда мешавад.

Инчунин   дар ҳамоиш ғолибони Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон  дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, техника – технология ва инноватсия, ғолибони Ҷоизаи “Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва ғолибони “Донишҷӯи сол-2019”  бо ҷоизаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамзамон дар ин замина, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин варзишгари сол – 2019”, “Беҳтарин Федератсияи варзишии сол-2019”, “Беҳтарин шаҳри варзишӣ-2019”, “Беҳтарин мураббии сол – 2019” ва “Беҳтарин иншооти варзишӣ” қадрдонӣ карда мешаванд.

Манбаъ зикр намудааст, ки маросими ҷоизасупорӣ фардо, соати 15.00 дар толори консертии “Кохи Суруш” баргузор мегардад.

155
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонон, варзишкор, Президент, ҷоиза, Тоҷикистон