Дар се дақиқа чиптаҳои рақобати Конор ва Серроне фурӯхта шуданд

© AP / John LocherИрландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото
Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чиптаҳои муҳорибаи Конор Макгрегор ва ҳамтои амрикоии ӯ Доналд Серроне пас аз се дақиқаи ба фурӯш гузоштан, пурра харидорӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Собиқ қаҳрамони муҳорибаҳои омехта дар ду категорияи вазнӣ Конор Макгрегор омода аст, ки ба октагон баргардад.

Бой Макгрегор - Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи раҳбарияти UFC дар бораи таҳқири Макгрегор аз Нурмуҳаммадов

Моҳи январи соли 2020 Макгрегор бар муқобили Доналд Серроне амрикоӣ ба майдони набард хоҳад баромад.

Хабар дода мешавад, ки набарди Конор ва Серроне дар доираи рақобати UFC 246 санаи 18-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико доир мешавад.

Додгоҳ Макгрегорро барои мушт задани мӯйсафед 1 ҳазор евро ҷарима баст

Рақобат миёни Конор ва Серроне рақобати марказии UFC 246 ба ҳисоб меравад.

Дирӯз, чиптаҳои ин набард ба фуруш бароварда шуданд, ки пас аз се дақиқа мухлисон ҳамаи чиптаҳоро харидорӣ намуданд.

Арзиши ҳар як чипта 350 доллари амрикоӣ (3 392 сомонӣ) муқаррар шуда буд. Толори варзишӣ дорои 20 ҳазор ҷои нишаст мебошад.

Ҷавоби падари Нурмуҳаммадов ба Макгрегор дар бораи тарсончакии Ҳабиб

Ёдоар мешавем, ки Конор макрегорро размикори руз, Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб нурмуҳаммедов аз усули буғӣ кардан шикаст дод.

Лентаи хабарҳо
0