Назаров бар ҳарифи худ дар Қазоқистон ғолиб омад

© © Sputnik / Рубен ГарсияFFC
FFC - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик Хуршед Назаров дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта Gorilla Fighting Championship 23 бар Абилай Толеш аз Қазоқистон пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ин чорабинӣ бо ширкати 30 варзишгар аз Бразилия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Украина баргузор гардид.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Нурмуҳаммедов дар Алмато хона харид

Мубобиқаи мазкур рӯзи 25-уми декабр дар толори "Алмато Арена" доир гардид, хабар медиҳад  Sports.kz .

Ба иттилои манбаъ, дар рақобати Хуршед Назаров муқобили Абилай Толеш доварон бо раъйи бештар варзишгари тоҷикро ғолиб донистанд.

Дар се дақиқа чиптаҳои рақобати Конор ва Серроне фурӯхта шуданд

Дар рақобати асосии ин мусобиқа Даурен Ермекови қазоқ, ки бо тасмими якдилонаи доварон Артур Гусейнови русиягиро шикаст дод, соҳиби камарбанди қаҳрамони "муваққатии" GFC гардид.

Қобили зирк аст, ки меҳмони фахрии мусобиқаи мазкур размикори русиягӣ, қаҳрамони UFC  дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов  буд.

Ҳабиб чанде қабл бо мухлисони қазоқи худ мулоқот орост ва изҳор намуд, ки дар шаҳри Алмаато хона харидорӣ намуд.

Лентаи хабарҳо
0